Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 2 май таҷлил мешавад. Ин тасмим дар пайи нишасти Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар, ки имрӯз, 27 апрел баргузор шуд, гирифта шудааст.

Намози ид бар асоси қарори Шӯрои уламо рӯзи 2 май соати 6:00 дар тамоми масоҷиди шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба иттилои котиби матбуотии Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон Афшини Муқим, дар нишаст гуфта шуд, ки имомхатибон вазифадор шудаанд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намоянд.

Инчунин, фитри рӯза 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро), нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ , ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардидааст.

Имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 2 апрел  оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта он даҳаи дуюми моҳи апрел оғоз гардида буд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.