Гурӯҳе аз сокинони мавзеъҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамроҳ ифтор барпо карданд, ки дар он фаъолону шахсони калонсол иштирок карданд, хабар медиҳад Сentralasian.org.
Шоми 27 апрел дар ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобҷон Ғафуров ифтори муштарак барпо шуд. Дар он беш аз 50 намояндаи ноҳияҳои марзии Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон ҳузур доштанд.
Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳия, 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтааст, нишаст бо даъвати ҷониби Тоҷикистон ва бо ҳадафи “таҳкими дӯстӣ ва равобити хуби ҳамсоядорӣ” сурат гирифт. Дар он раисони ноҳия ва низомиёну масъулони ҷамоатҳо низ иштирок кардаанд.
Гуфта мешавад, шоми 26-уми апрел ҳам дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара бо иштироки тақрибан 100 сокини ноҳияи Бодканду Исфара “ифтор” ташкил шудааст.
Муҳаммадҷон Муҳиддинзода, муовини раиси шаҳри Исфара, изҳор доштааст, ки “дастархон бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва пешниҳоди шахсони рӯзгордидаи деҳаҳои марзӣ ороста шуд.
Дар ин нишаст чанде аз раисони ҷамоатҳои Бодканд ва мӯйсафедону фаъолони қирғиз ҳузур доштанд. Қарор аст, қирғизҳо низ ҷониби Тоҷикистонро ба минтақаи худ даъват кунанд”.
Ин вохӯрии дӯстона пас аз тирпарронии навбатии рӯзи 12 апрели соли равон байни сарҳадбонони кишварҳо баргузор шуданд. Дар ин тирпаронӣ марзбони 27-солаи тоҷик Зоир Саидумаров кушта шуда, чанде захмӣ шуданд. Чанд ҳафта пештар то муноқиша каме дуртар аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳузури намояндагони деҳоти наздимарзии Қирғизистон иқдоми навбатии “оши дӯстӣ” доир гардида буд.
Мақомот бар ин назаранд, ки чунин вохӯриҳо ба пешгирии муноқишаҳои нав дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мусоидат мекунанд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинон мансабдоронро интиқод мекунанд, ки ба ҷойи ҳаллу фасли баҳсҳои марзӣ ба ташкиои “оши дӯстӣ” машғуланд, ки иштирокчиён онро баъди чанде фаромӯш мекунанд.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста