Дар зарфи як моҳ нақшаи даъват ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 70% иҷро шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

“Ин аллакай чорумин даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аст, ки ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, то ин дам 25 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Дар баробари дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, чаҳор навоҳии пойтахт низ нақшаи пешбинишударо вобаста ба гусели сарбозони ояндаи Ватан дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расониданд.

Иҷрои нақшаи даъват дар ноҳияҳои тобеи марказ зиёда аз 70%-ро ташкил дода, дар ин давра ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш аз иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ҳисобот доданд.

Ба иттилои манбаъ, нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 70% ва дар вилояти Суғд - 55%-ро ташкил медиҳад.

“Тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ, ба хусус, ҷавонон афзун гашта, аксари онҳо бо дарки баланди эҳсоси ватандстиву адои вазифаи ҷавонмардӣ ва бо анҷоми масъулияти шаҳрвандии худ дар назди қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, баъди гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист, барои ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафтан, ба комиссияҳои давлатӣ ҳозир мешаванд”, - зикр мегардад дар хабар.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки тибқи он хизмати пулакии ҳарбӣ низ пешбинӣ гардид. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул хидмати ямоҳаи ҳарбиро адо намуданд.

Ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамасола тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ умр ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо муҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.