Интиқоли захираҳои меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия барои ҳама ҷонибҳо бештар фоида меорад, на оқибатҳои манфӣ. Ин хулосаи умумии коршиносони Пажуҳишгоҳи ВЭБ.РФ (Корпортасияи давлати рушд, то соли 2018 -  Внешэкономбанк) аст, ки доир ба масъалаи муҳоҷирати корӣ ба Русия аз кишварҳои маъмулӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон пажуҳиши густарда анҷом додаанд, хабар медиҳад РБК.

Паҳлӯҳои манфии ин раванд дар он ифода меёбанд, ки муҳоҷирон камбуди қувваи арзони кориро дар кишвари қабулкунанда бароварда намуда, пули коркардаашонро ба ватан мефиристанд. Ҷиҳатҳои манфиаш мушкилоти бо ҷомеа яксон шудан (ассимилятсия), таҳаммулнопазирӣ (ксенофобия), шароити номусоиди зист, шуғли ғайрирасмӣ, гаравидан ба тундгароӣ ва иштирок дар фаъолияти ҷиноятгароӣ унвон мешавад.

Муаллифони гузоришҳо бар ин назаранд, ки барои рафъи камбудиҳои муҳоҷирати корӣ кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) ва пеш аз ҳама Русия, бояд барои зиндагӣ ва кори муҳоҷирони воридшуда шароити мусоид фароҳам оваранд.

Сиёсати дақиқи муҳоҷират, ташкили як низоми касбомӯзӣ ва мутобиқсозии воридшудагон ба ҷомеаи Русия аз ҷумлаи тавсияҳои онҳо номбар мешавад.

Манфиатҳо барои Русия

Муҳоҷирони корӣ беш аз 10%-и тамоми нерӯи кории Русияро ташкил медиҳанд. Шумораи муҳоҷирони хориҷиро дар соли 2021 Вазорати корҳои дохилии Русия 7 млн нафар ҳисоб кардааст. Ҳамзамон, 2,1 млн нафар то охири соли 2021 расман иҷозатномаи кор ё патенти меҳнатӣ доштанд, хабар медиҳад Росстат.

Коршиносон ишора мекунанд, ки талаботи зиёд ба коргарони хориҷӣ ба бӯҳрони демографӣ дар Русия марбут аст, ки боиси камбуди нерӯи корӣ шудааст.

Дар таҳқиқот гуфта мешавад, ки коргарони хориҷа ба афзоиши зарфияти бозори дохилии Русия кумак мекунанд, зеро аз ним то аз се ду ҳиссаи маошашон барои хариди ғизо ва маҳсулоти ғайриозуқа, инчунин хидматрасониҳо дар кишвари ҳузурдоштаашон сарф мешавад.

Илова бар ин, муҳоҷирони корӣ "дар ҳолати бӯҳронҳо ва афзоиши бекорӣ нақши қабулкунандаи оқибати манфии онро ба дӯш мегиранд", - зикр мекунанд муаллифони таҳқиқот. Ин дар он ифода меёбад, ки ҳангоми бад шудани вазъи иқтисодӣ ва поин рафтани талабот дар бозори меҳнат, аввалин шуда муҳоҷирон аз кор ронда мешаванд. Як назарсанҷии тобистони соли 2020 нишон дод, ки 75%-и муҳоҷирони корӣ дар Русия ё кори худро аз даст додаанд ё ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.

Бартарии дигари муҳоҷирони корӣ дар он аст, ки онҳо барои фаъолияти корӣ патент мегиранд, ки манбаи даромади буҷет аст. Шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Русия тибқи патенти меҳнатӣ кор мекунанд, дар ҳоле ки шаҳрвандони Қирғизистон баъд аз пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АВруОсиё (ЕАЭС) ба патент ниёз надоранд. Тибқи маълумоти ВКД, дар 11 моҳи соли 2020 муҳоҷирон барои ба даст овардани патент қариб 44 млрд рубл масраф кардаанд.

Баҳри беҳбуди вазъ дар ин самт коршиносон таъмини ҳуқуқҳои корӣ ва иҷтимоии муҳоҷирон, таъсиси биржаи меҳнат ва платформаи ягонаи электронии хидматрасониҳои давлатӣ барои муҳоҷирон, ҳавасмандсозии кӯчидани оилаҳои муҳоҷирон ба Русия, таҳияи барномаи ҷалби муҳоҷирон ба раванди қабули қарор дар сатҳи маҳалҳоро тавсия додаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.