Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время”-ро дар Душанбе шадидан маҳкум кард.
Ҳодиса 17 май баъди он рух дод, ки хабарнигорон барои гирифтани шарҳи Улфатхонум Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар пойтахт рафтанд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.
“Борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостем, ки фишорро алайҳи расонаҳои озод бас кунанд”, - гуфта мешавад дар изҳороти рӯзи 17 май нашршудаи Ҷейми Флай.
Ӯ гуфтааст, бори охир, моҳи феврали имсол, дар номае ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи ҳолатҳои аз парвонаи кор маҳрум шудан, озор ва таҳдидҳо ба зидди хабарнигорони Радиои Озодӣ муфассал навишта будааст .
“Вақти он расида, ки ҳукумати Тоҷикистон кӯшиши халалдор кардани гузоришдиҳии мустақилро, ки ба нафъи мардуми тоҷик аст, бас кунад”, - изҳор доштааст Ҷейми Флай.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17 май дар Душанбе шахсони номаълум ба хабарнигорони бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" - Муллораҷаб Юсуфӣ, Барот Юсуфӣ ва хабарнигори "Настояшее Время" - Анушервон Орипов ва Насим Исамов ҳамла кардаанд. Аз онҳо ҳафт телефон ва як дастгоҳи наворгириро кашида гирифтаанд.
ММТ даври дуюми ҳуҷҷатсупорӣ ба имтиҳонҳоро эълон кард
Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро бо автомобил манъ мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсире хоҳад дошт?
Шаббос Негматуллоев ба медали биринҷии аввалин мусобиқаи Ҷоми Элорда соҳиб шуд
Ҳамаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати нишаст дар Қирғизистонро пазируфтанд
Тоҷикистон ҳоло ҳам ба қарзи имтиёзноки ХБА умедвор аст
Се медали гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё
Дар як сохтмони Маскав беш аз 60 нафар муҳоҷирон ҷанҷолу занозанӣ карданд
Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад
Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Шавкат Мирзиёев барои эътидоли вазъ дар Қароқалпоқистон
Дар Душанбе барои Кумитаи ҳифзи муҳити зист бинои нав месозанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста