Сафорати Корея дар Тоҷикистон рӯзи шанбеи 14 май дар боғи тобистонии меҳмонхонаи Серенаи Душанбе, ҷашнвораи K-поп-ро баргузор кард. Ин ҷашнвора баъд аз соли 2016, нахустин намоиши K-pop аст, ки дар Тоҷикистон баргузор шуд ва бисёре аз ҷавононе, ки ташнаи чорабиниҳои фарҳангии Корея дар давраи пандемия буданд, ширкат намуда, онро бо рӯҳбаландии беандоза истиқбол намуданд.

Дар ин чорабинӣ, ки ҳудуди 1000 нафар тамошобинон иштирок карданд, бомуваффақият баргузор гардид, дар маҷмӯъ 15 даста ширкат варзиданд ва ба ҳайси доварон Назарён Одилзода, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон ва ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Ширинмоҳ Ниҳолова ширкат намуданд.

Дар суханронии ифтитоҳии худ Сафир Квон Донг Сок таъкид намуд, ки ба бисёриҳо намоиш додани фарҳанги оммавии Корея тавассути ин фестивал шод аст ва умедвор аст, ки табодули фарҳангии ду кишвар имкони эҳсос ва дарки ҳолати рӯҳии ҳамдигар хоҳад шуд. Дар чорабинии таҷлили 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ ӯ ваъда дода буд, ки дар баробари ин консерт барои таҷриба ва ҳис намудани Корея аз тариқи чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ имконият фароҳам меорад.


Тамошобинон, ки макони консертиро лабрез намуда буданд, бо тамошои суруду рақсхои иштирокчиёни аз озмуни интернетӣ гузашта ба ваҳҷ омада, босадои баланду шодию хурсандӣ пазироӣ намуданд.

Қобили қайд аст, ки ғолибони фестивали мазкур соҳиби туҳфаҳои гаронбаҳо аз ҷумла барои ғолиби ҷойи саввум ороишоти курёӣ тақдим шуд, ки онро Акбар Каримов бурд намуд. Ҳамчунин, Мавлюда Гиоева сазовори ҷойи дуввум гашт, ки 500$ ҷоиза бурд Ҷойи аввал насиби гуруҳи рақсии Флейм Хост гашт, ки сазовори 1000$ ИМА шуданд.


Инчунин, тариқи сомонаи расмии Сафорат дар Инстаграмм иқдоми ҷоизадор баргузор гашт, ки пирӯзиро сокини шаҳри Душанбе Уғулой Мирзобаева ба даст оварда, соҳиби телефони мобилии Самсунг С 22 шуд.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Корея дар Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои дигар, аз қабили баргузории намоишгоҳи аксҳои Ҳаллю (мавҷи Корея) ва тақсими маводи таблиғотии фарҳангӣ ва тӯҳфаҳои хотиравии кореягӣ барои тамошобиноне, ки аз макони баргузории чорабинӣ дидан кардаанд, баргузор намуд


Инчунин вақте ки навори баромади 15 даста дар шабакаҳои иҷтимоии Сафорат нашр шуд, беш аз 30 000 онро писандиданд.