Маҳфили шеъру суруд ба ифтихори 90-солагии шоири саршиноси тоҷик Муъмин Қаноат, ки қарор буд, соати 14.00-и имрӯз, 20-уми май дар Иттифоқи Нависандагон баргузор шавад, ба далели марги Меҳмон Бахтӣ, раиси собиқи ин ниҳод ба вақти дигар гузошта шудааст.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ки дар мавриди кай баргузор шудани маҳфили ёдбуди устод Муъмин Қанот, ин ниҳод иловатан хабар медиҳад.
Муъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон ва аз бунёдгузорони шеъри нав ва аз сардамдорони шеъри миллӣ дар адабиёти шӯравии тоҷик аст, ки соли 2018 дар сини 86-солагӣ даргузашт.
Муъмин Қаноат солҳои зиёде дар Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ба унвони муовини раис дар замони Турсунзода ва ба сифати раиси ин ниҳод пас аз марги Турсунзода то поёни Шӯравӣ кор мекард. Ӯ дар поёни умри Шӯравӣ вакили маҷлиси ИҶШС буд.
Маҷмӯаҳои ашъори Қаноат –«Шарора»,«Ситораҳои замин», достонҳои «Мавҷҳои Днепр» (ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ), «Оташ» (бунёди нерӯгоҳи барқи обии Норак), «Суруши Сталинград» (корномаи қаҳрамонони Ҷангои Ҷаҳонии Дувум), «Тоҷикистон – исми ман» (даъват ба бедории миллӣ), «Гаҳвораи Сино»,«Ситораи Исмат», «Масъуднома» дурдонаҳои адабиётанд.
Мӯъмин Қаноат аз пурнашртарин шоирони тоҷик дар тамоми ҷаҳон аст. Намунаи осори ӯ борҳо ба русӣ, инглисӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, узбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испанӣ, муғулӣ ва забонҳои дигар нашр шуда ва ӯ низ дар тарҷумаи асарҳои бузургтарин адибони дунё ба тоҷикӣ саҳм гузоштааст.
Мӯъмин Қаноат узви вобастаи Академияи Улуми Тоҷикистон буда, чандин мартаба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста