Тавре ки аз маълумоти омории ВКД Русия бармеояд, семоҳаи аввали соли 2022 зиёда аз 33 ҳазор тоҷикистониён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Гуфта мешавад, дар зарфи 3 моҳи аввали соли равон 33 ҳазору 84 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳрвандии Русия қабул шудаанд, ки 64,61% зиёдтар  нисбат ба семоҳаи аввали соли 2021  (20 ҳазору 98 нафар) мебошад.

Бо назардошти шумори тоҷикони нави русиягӣ, аз аввали сол ҳамарӯза зиёда аз 366 нафар тоҷикистониён шаҳрванди Русия шудаанд.

Бино ба маълумоти ВКД Русия, айни замон 101 ҳазору 704 шаҳрвандони Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русияро доранд ва ояндаи наздик метавонанд шаҳрванди комилҳуқуқи Русия шаванд.

Тибқи қонунҳои Русия, шаҳрвандони хориҷӣ пас аз гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ҳуқуқ доранд, ки ҳуҷҷатҳояшонро барои гирифтани шаҳрвандии Русия пешниҳоднамоянд.

Боз 47 ҳазору 941 шаҳрванди Тоҷикистон санади Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) доранд, ки қадами аввал барои гирфтани шаҳрвнадии Русия маҳсуб меёбад.

Дар семоҳаи аввали соли 2022 ба сурати умум 141 ҳазору 663 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба шаҳрвандии Русия қабул шудаанд, ки 19 ҳазору 326 нафар камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Дар панҷгонаи аввали кишварҳое, ки сокинони онҳо шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд, Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор дорад.

Дар мақоми аввали ин панҷгона шаҳрвандони Украина - 54 ҳазору 641 нафар, дар зинаи сеюм Қазоқистон - 10 ҳазору 909 нафар, сипас Арманистон - 10 ҳазору 877 нафар ва Ӯзбекистон - 6 ҳазору 509 нафар қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта тибқи маълумоти ВКД Русия, 103 ҳазору 681 нафар сокинони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифта буданд, ки 63,5% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 (63 ҳазору 681 нафар) мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.