Дар Душанбе рӯзи 25 май вохӯрии вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донг Сок баргузор гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, зимни мулоқот аз ҷониби меҳмонон пешниҳод гардид, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея омода аст, ки дар доираи ҳамкориҳои судманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як донишгоҳи муштаракро дар самти омодасозии мутахассисони техникӣ, хусусан соҳаи лифтсозӣ таъсис диҳад.

Гуфта мешавад, дар идома, ҷонибҳо вобаста ба созишномаи имзошуда миёни Коллеҷи лифти Корея ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки иқдоми мазкур ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи лифтсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Зикр шуд, ки дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон - Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон забони кореягӣ таълим дода мешавад.

Сурат: Вазорати маориф ва илми ҶТ

шуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея санадҳои гуногуни ҳамкориро ба имзо расонидаанд, ки Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино ва Донишгоҳи тиббии Тегу Ҳании Ҷумҳурии Корея яке аз намунаи ҳамкориҳо мисли муассисаҳои таълимии ҳарду кишвар мебошад.

Зикр шуд, ки Вазорати маориф ва илми и Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ аз 12 апрели соли 2015 ба роҳ мондааст.

Зимни мулоқот зикр шуд, ки омӯзиши забони кореягӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз зиёда аз 200 нафар донишҷӯ ихтисоси забони кореягиро хатм намудааст.

Дар охир, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм тадбирҳои субманду дахлдор андешида мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.