Соҳибкори тоҷик, Ҷовиддон Муҳаббатов, муассис ва роҳбари ширкати "Лазурит", дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар нахустин Ҷашнвораи байналмилалии зардӯзӣ ва заргарии Бухоро, яке аз се ҷоизаи ин ҷашнвораи байналмилалиро соҳиб шудааст. 

Ин ҷашнвораи байналмилалӣ аз 21 то 25 май имсол дар шаҳри Бухорои Узбакистон бо иштироки 150 намоянда аз 50 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.

Ширкати "Лазурит"-и соҳибкори тоҷик тобистони соли гузашта дар назди "Анҷумани заргарони Тошканд"-и Узбекзаргарсаноат  сабти ном шудааст .

Ин ширкат ба коркард, вероиш ва харуду фурӯши сангу филизҳоиҳои қиматбаҳо ва нимақиммат сару кор дорад. 

Ширкати "Лазурит" дар ин ҷашновора барандаи мақоми сеюм, диплом, сертификат ва ҷоизаи молиро дар бахши "Беҳтарин ширкати заргарӣ" соҳиб шудааст.

1/5

Ҷашновораи байналмилалии зардӯзӣ ва заргарии Бухоро, ки имсол бори нахуст баргузор шуд, бо фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон минбаъд дар ду сол як бор баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.