Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки имрӯз ва пагоҳ (27-28 май) дар қаламрави кишвар кишвар обуҳавои номусоид дар назар аст.

“Ду рӯзи наздик дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, шаби 27 ба 28-уми май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди селовар ва жола меборад”, - зикр мешавад дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад дар ин рӯзҳо эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз тариқи қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор убур мекунанд ва дарёҳои Зарафшон, Вахш, Исфара, Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) вуҷуд дорад.

“Ҳангоми бориш дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 17-22 м/с мевазад, дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хокбориш низ пешгӯӣ шудааст, - омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки ҳарорат рӯзона то 6-8 дараҷа поин рафта, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи марказ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҳавошиносон омадани селҳоро низ пешбинӣ кардаанд.

Дар ин рӯзҳо дар Душанбе низ ҳавои боронӣ ва раъду барқ пешбинӣ шудааст. Ҳарорат рӯзи 27 май дар ҳудуди 18-27 дараҷа ва рӯзи 28 май 2 дараҷа поинтар - 16-25 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намуда, сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.

“Аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд”, - огоҳ менамояд Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.  

Ғайр аз ин ба аҳолӣ тавсия мешавад, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.