Имрӯз, 2 июн, Афзалшоҳ Шодӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки бештар бо хондани оҳангҳои ҳувиятхоҳиву миллигароёна ва ватандӯстӣ дар поёни солҳои Шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлол дар Тоҷикистон маъруф шуд, 60-сола шуд.

Афзалшоҳ бештар ин оҳангҳоро бар пояи матни шоирони маъруфи вақт, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва шоирони дигар иҷро карда ва дар миёни қишри миллигаро дар сар то сари ҳавзаи забони форсӣ маҳбубият пайдо кард.

Аз ҷумла сурудҳои ин ҳунарманди саршинос дар мавриди ҳаққи тоҷикон ба шаҳрҳои бостонии худ, мисли Самарқанду Бухоро дар доираҳои гуногун, ҳатто сиёсӣ сару садоҳое ба вуҷуд оварда буд.

Солҳои ахир ин ҳунарманд дар баробари оҳангҳои ҳаммосиву ошиқонаву иҷтимоӣ, ҳаводиси пуртаззоди ҷаҳонро низ вориди матни оҳангҳояш карда, ки истиқболи хубе дар сатҳҳои гуногун мешавад. Аз ҷумла ҳаводиси Сурияву Ироқ, Афғонистону Укроин ва гӯшаҳои дигари дунё дар ин гуна сурудҳо инъикос мешаванд

Ин овозхони шинохта ҳамчунин аз хонандагони маъруфи мусиқиҳои клоссикӣ, аз ҷумла шашмақом дониста мешавад. Афзалшоҳи Шодӣ услуб ва мактаби хоси овозхонии худро дорад, ки ӯро аз ҳунармандони муваффақ дар интихоби матну оҳанг ном мебаранд.

Ӯ як муддат мудири Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд ва соли 2020 хабари барканориаш аз ин мақом баҳсҳои зиёдеро дар пай дошт. Афзалшоҳ Шодӣ ҳоло раҳбарии Ансамбли давлати “Сомон”-ро ба дӯш дорад. Дар робита ба 60-солагии Афзалшоҳ Шодӣ тасмим гирифтем, ки аз нақшаҳои ӯ пурсем.


Нахуст аз ӯ пурсидем, ки дар 60-солагӣ чӣ ҳолу ҳаво дорад ва ба чӣ корҳое машғул аст?

Справка по теме

Маълумотномаи “Азия-Плюс”: Афзалшо Шодӣ соли 1962 дар ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, соли 1979 мактаби миёнаро хатм ва ҳамон сол ба Донишкадаи ҳунарҳои ба номи Мирзо Турсунзода қабул мешавад. Соли 1983 пас аз хатми донишкада дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор шурӯъ менамояд. Афзалшо Шодӣ дорандаи Ҷоизаи ба номи комсомоли ленинӣ (соли 1989), Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон (соли 1993) ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон (соли 2008) аст. Ҳамчунин дорандаи Ҷоизаи «Семирамида-2000» дар Ироқ ва Ҷоизаҳои гуногун дар ИМА, Олмон, Италия, Фаронса, Русия, Эрон ва Яман низ мебошад. Мохи феврали соли 2013 барои саҳми босазо дар рушди зеҳнии ҷомеаи муосир ва дастовардҳои назарраси касбӣ Афзалшо Шодӣ ба мукофоти байнулмилалии «INTELLECT OF NATION» (Хиради миллат) шарафёб гардид. Ӯ сеюмин нафаре аст, ки ба ин ҷоиза сарфароз гардонида мешавад. То ин замон ба ин мукофот ҳунармандони саршинос Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев соҳиб гардида буданд.

- Ҳозир фарзандон ҳамроҳи набераҳоям аз он сӯи Уқёнус ба Тоҷикистон, ба назди мо омаданд. Бо набераҳо бандам.

Ҳамчунин, ба консерте, ки бахшида ба 40-солагии фаъолияти эҷодиам рӯзи 18 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, тайёрӣ дида истодаам. Дар ин консерт, ҳудуди 15 суруди нав ба ҳаводоронам пешниҳод мешавад. Ҳоло болои банду басти он сурудҳо кор ва бахшеро машқ карда истодаем.

Қисми зиёди оҳангҳое, ки дар ин барномаи консертӣ суруда мешавад, нав ҳастанд. Масалан, яке аз сурудҳо бо номи “Набера” аст, ки барои ҳамаи бобову бибиҳо, аз ҷумла барои  худам, ки дар ҳамин сину сол қарор дораму набераҳо бо ман ҳастанд, пешбинӣ шудааст.
Баъдан, аз Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Лоиқ Шералӣ, Озарахш, Фарзона ва Ҳақназар Ғоиб сурудҳои нав оҳанг бастем, ки мехонем.

Ба ғайр аз ин, ҳоло китоби навам бо номи “Сурудборон-2” ба нота кашида шуда, дар арафаи нашр аст. Аллакай, мусаввада (сигнальний)-и китоб аз нашриёти “Адиб” нашр шудааст ва баъди таҳриру бозбинӣ он дастраси хонандагон мешавад. Ҳамчунин, китоби дигарам бо номи “Сурудборон”, ки 10 сол пеш дар рӯзҳои ҷашни 50-солагиам нашр шуда буд, бо сифати нав бо тағйиру иловаҳо нашр мешавад.

- Дар 60-солагии умр ва 40-солагии фаъолияти эҷодӣ силсилаи консертҳо дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ва берун аз кишвар низ дар назар доред?

-  Бале, имсол нақша дорем, дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВКМБ, аз ҷумла шаҳру навоҳии Панҷакент, Истаравшан, Шаҳристон, Хуҷанд, Мастчоҳ, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ силсилаконсертҳоро ба роҳ монем. Дар ин консертҳо ба ҳаводорон сурудҳои навро пешниҳод хоҳем кард.

Ба наздикӣ барои баргузории консерт ба Русия ва Эрон сафар дорам. Ҳамин тариқ, бо пешниҳоди шахсии вазири фарҳанги Ҳиндустон барои анҷоми сафари корӣ ва баргузории консерт ба ин кишвар меравам.

Шумо раҳбари  дастаи “Сомон” ҳам ҳастед. Ин ансамбл чӣ ҳол дорад?

- Дар Ансамбли давлати “Сомон” ҳунармандони хуб фаъолият мекунанд ва корашон низ бад нест. Навозандаҳои хубро ба кор ҷалб кардем. Тағйирот кардем, баъди ба ҳайси роҳбар омадан, корхонаро пурра таъмир кардам. Дастгоҳҳои нав харидорӣ кардам. Ба ҳамин корҳо саргардонем.

- Бо шогирдони мактаби худ чӣ машғулияту масруфият доред?

- Як қисми шогирдон, ки баъди аз симати роҳбарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон рафтанам аз кор рафта буданд, бо тавсияи ман дубора ба кор баргаштанд. Чандин шогирдони дигар дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар, Истаравшану Исфара, Панҷакенту Айнӣ, Самарқанду Бойсун дорам, ки сурудҳои маро мехонанд ва таҳти назорати ман кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.