Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар бораи баргузории марҳилаи иловагии бақайдгирии доваталабон ва ҳамчунин муайян шудани ҷадвали имтиҳонҳо ба макотиби олӣ ва муассисаҳои таълимӣ хабар дод.

Бақайдгирии иловагӣ кай баргузор мешавад?

Тавре ки дар сомонаи расмии Марказ хабар дода мешавад, хоҳишмандони иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҶТ (ИМД) дар соли 2022, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд,метавонанд худро ба марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур аз 10-ум то 30‑юми июн аст, номнавис кунанд.

Шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2022 метавонанд барои номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ муроҷиат кунанд.

Довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав сабти ном кунанд.

Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.

Имтиҳонҳо кай баргузор мешаванд?

Маркази миллии тестӣ ҷадвали баргузории даврҳои асосӣ ва иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро муқаррар намуд.

Барои довталабоне, ки аз 1 март то 3 апрел ба қайд гузошта шудаанд, варақаҳои даъватнома омода ва ба онҳо фиристода мешавад.

Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум), Даври асосӣ, Гуруҳи ихтисосҳои:

Табиӣ ва техникӣ - 1 июл

География ва иқтисод - 2 июл

Филология, педагогика ва санъат - 3 июл

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ - 4 июл

Тиб, биология ва варзиш - 5 июл.

Даври иловагӣ - 12 июл

Қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум):

Ҳамаи гуруҳҳо, даври асосӣ - 7 июл

Даври иловагӣ - 12 июл.

Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) – аз 1 то 8 июл июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор. Даври иломагӣ - 9-10 июл.

Гуруҳи 1 имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои довталабони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе - аз 1 то 8 июл.

Даври иловагӣ - 9-10 июл.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.