Иброҳим Ҳасанови 18-сола, зодаи Тоҷикистон, муштзани тоҷик бар асари захмӣ шудан дар як мусобиқа дар бемористони шаҳри Челябински Русия даргузашт, гузориш медиҳад Chelyabinsk.online.

Иброҳим дар вохӯрии нимфиналии мусобиқоти бокси наврасон, ки ба Рӯзи Ғалаба бахшида шуда буд, ширкат кард. Дар рафти мубориза нокдаун бе афтидан сабт шуд ва довар муборизаро аз сар гирифт. 

Дар саҳифаи расмии Федератсияи бокси вилояти Челябинск дар ВКонтакте гуфта мешавад, ки ҳангоми супурдани ҷоиза варзишгар бемор шуд.

Табибон фавран ба варзишгар ёрии аввалӣ расонида, ёрии таъҷилиро даъват карданд. Муштзанро ба шуъбаи эҳёгарии беморхонаи клиникии вилоятии рақами 3 интиқол додаанд. Табибон шаш рӯз барои ҷони ӯ мубориза бурдаанд, вале бенатиҷа - ӯ рӯзи 2 июн даргузашт.

Иброҳим Ҳасанов дар шаҳри Челябинск таҳсил ва зиндагӣ мекард. Наздикону пайвандонаш тасмим гирифтаанд, ки ҷасади ӯро дар Тоҷикистон ба хок месупоранд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.