Ҷавонону кӯдакони Тоҷикистон садои худро дар масъалаи дастрасӣ ба об тавассути таронае расониданд, ки дирӯз дар Анҷумани ҷавонону кӯдакони ЮНИСЕФ дар умури об пешниҳод шуд.

Матни ин тарона, ки аз сӯйи Алия Эрадж 11-сола ва Тӯпчӣ Малокбозов 14-сола навишта шуда буд, ки пешакӣ бо ҳамсолони худ дар масъалаи дастрасӣ ба об ва истифодаи самараноки он ҳамсуҳбат шуда буданд.

“Мо садои пиряхҳои дар ҳоли обшавӣ ҳастем, мо садои тағйирем” – ибораҳои калидии тарона буданд, ки банду басти мусиқии онро гуруҳи “Авесто” карда буд. Эҷоди тарона барои форум дар доираи барномаи ширкати наврасони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Дар идомаи рӯнамоии таронаи форум, ЮНИСЕФ видеои воқеияти маҷозиеро пешкаш кард, ки дар бораи захираҳои ғании обии Тоҷикистон ва таъсири онҳо ба зиндагии сокинони кишвар, бахусус кӯдакон нақл мекунад. Ин видео бо дастгирии  Иттиҳоди Аврупо рӯйи кор омад.


Дар ду рӯзи оянда ин видеоро мешавад дар утоқи махсуси муҷаҳҳазшуда дар Кохи Сомон, ки дар он ҳамаи меҳмонон ва ширкатдорони кишварҳо метавонанд ба таври маҷозӣ бар фарози кӯли Сарез парвоз кунанд ва пиряхи Федченкоро бубинанду аз НБО Роғун боздид кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.