Дар Теҳрон форуми муштараки сайёҳии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Он бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон бо шарикии Вазорати мероси фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандии Эрон созмон дода шуд.

Дар кори форум роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ҳар ду кишвар, намояндагони иттиҳодияҳо, намоишгоҳҳо ва воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳадаф аз баргузории форум муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон аст.

Гуфта мешавад, пеш аз оғози кори форум сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибат байни Тоҷикистону Эрон дар пасманзари сафари расмии чанде пеши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон (29-30 майи соли 2022) маълумот дод.

Суханронии Низомиддин Зоҳидӣ назди иштирокчиёни форум
Сурат: сафорати Тоҷикистон дар Эрон

Зикр шуд, ки имзои санадҳои дуҷониба дар доираи сафар барои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Барои возеҳу равшан нишон додани мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон аксу наворҳо намоиш дода шуда, имкони сайёҳии кишварро дар ҷумҳурӣ роҳбарони ширкатҳои сайёҳии «Ориёнт Тур», «Расул Тур», «Рафтем» ва «Хидматрасонии сайёҳӣ» муаррифӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои кори форум байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Эрон қарордодҳо дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.