Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (ИА) соҳиби мошини электрикӣ гардид.

То соли 2030 партовҳои карбон дар ҷаҳон то 16 дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Барои маҳдуд кардани гармшавии глобалӣ то ҳадди қобили қабули 1,5 дараҷаи Селсий, партовҳои глобалии CO2 бояд ба таври назаррас коҳиш дода шаванд.

Барои он ки оқибатхои зараровар руй надиханд, пешакӣ тағйироту чораҳои мухим андешида шаванд.

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER мутобиқи “Иқтисоди сабз”-и Тоҷикистон ва “Аҳдномаи сабз”-и Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад.

Дар доираи лоиҳа мо қарорҳои муассирро барои ҳифзи муҳити зист, нигоҳ доштани хадамот ва захираҳои экосистема таҳия мекунем.

Пешбурди мошинҳои электрикӣ яке аз роҳҳои муассир барои ду баробар коҳиш додани партовҳои CO2 ва дар натиҷа мубориза бо гармшавии глобалӣ мебошад.

Бо ин мақсад, Иттиҳоди Аврупо лоиҳаро барои хариди мошини электрикии JAC e-JS4 (E40X) бо иқтидори афзоишдодаи батарея, инчунин захираи беҳтари масофа ва мушаххасоти таъмини устуворӣ, дастгирӣ намуд.

Ин мошини электрикӣ партови сифрии газҳои ихроҷӣ дорад ва ҳангоми рондан CO2-и зараровар намебарад.

Тибқи таҳқиқот, танҳо як мошини барқӣ дар роҳ метавонад ба ҳисоби миёна 1,5 миллион грамм CO2-ро сарфа кунад. Ин як қадами хурд, вале хеле муассир дар самти бетарафии карбон тавассути коҳиш додани ифлосшавии ҳавои маҳаллӣ мебошад.

Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER, ки муштаракан аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мешавад, баҳри афзоиши арзиши изофаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди амнияти об ва устуворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии занҷираҳои арзиши интихобшуда, дастгирии рушди бозор, омодагии содирот, пешбурди соҳибкорӣ ва маслиҳатҳои сиёсӣ равона шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.