Ҳомид Маҷидов, профессор ва забоншиноси маъруфи тоҷик шаби 20 июн дар синни 85 солагӣ даргузашт.
Ҳомид Маҷидов 15 июни 1937 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) (1961), аспирантура (1967) ва докторантураи он (1983). Аз соли 1961 дар ҳамин донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст: Ассистент (1961-1964), муаллими калон (1967-1973), дотсент (1974-1995) ва аз соли 1996 профессори кафедраи забони муосири тоҷик. Солҳои 1985-1988 ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти рус (ҳоло Донишгоҳи забонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода) оид ба таълим буд. Солҳои 2002-2005 вазифаи мудири кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 июн дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 85-солагии Маҷидзода як ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуда, марҳум дар он ширкат ва суханронӣ карда буд.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста