Дар Истанбул масъалаи зиёд намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи тиҷоратии Истамбул баррасӣ гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, масъалаи зиёд намудани бурсияҳо зимни мулоқоти Мурод Саидзода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул бо профессор, доктор Юҷел Оғурлу, ректори Донишгоҳи тиҷоратии Истанбул матраҳ гардид.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи илму маориф, шароитҳои таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, тақвияти равобит байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо роҷеъ ба имкони зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳи мазкур табодули афкор намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.