Барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Чин дар Душанбе. Парвози ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе - Урумчӣ имрӯз, 23 июн пешбинӣ гардида буд.

“Рӯзи парвоз ва сабаби мавқуф гузошта шудани он ба мо маълум нест. Беҳтараш ба Агентии авиатсияи гражданӣ ё ширкатҳои ҳавопаймоӣ муроҷиат кунед”, - гуфтанд дар сафорат.

То замони нашри хабар ба мо муяссар нашуд, ки бо Агентии авиатсияи гражданӣ дар тамос шавем, зеро ба зангҳои серушмори мо посух надоданд.

Таъхири парвоз эҳтимол ба вазъи то ҳол ноустувори эпидемиологӣ дар Чин вобаста бошад. Аз охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар ин кишвар маҳдудияту карантинҳо ҷорӣ шуда, аввали моҳи июн зикр шуд, ки вазъият ба эътидол омадааст. Шабонарӯзи ахир 151 нафар дар Чин аз коронавирус сироят гирифтаанд.

Дар бораи барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин қаблан аз Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар дода буданд. Зикр шуда буд, ки чанде пеш ба дархости Тоҷикистон ҷиҳати оғози парвозҳо байни кишварҳо аз Чин посухи мусбат расид.

Гуфта мешуд, дар ду ҳафта ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» и China Southern Airlines 1-парвозӣ анҷом медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Чин ду сол инҷониб - аз 10 апрели соли 2020 қатъ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.