Дар Душанбе аз 1 то 7 июл Олимпиадаи байнулмилалӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ (IT) - ISI Junior-2022 баргузор мешавад. Барои иштирок дар он намояндагони 13 кишвар даъват шудаанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва маълумоти умумии миёнаи Сарраёсати маорифи пойтахт Асомиддин Бобозода.

Ба гуфтаи ӯ, олимпиада бахшида ба 20-солагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ гузаронида шуда, ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон бо тафаккури техникӣ, ҷалби мактабхонҳо ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ равона шудааст.

“Дар Олимпиада 27 дастаи иборат аз 158 хонанда ва 28 мураббӣ иштирок мекунанд. Ба ҷуз мактабхонҳои Тоҷикистон, толибилмон аз Русия, Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон, Қирғизистон ва Афғонистон ба Душанбе меоянд”, - изҳор карда номбурда.

Донишҷӯён аз Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Сурия, Шри-Ланка ва Куба тариқи онлайн (маҷозӣ) дар ин чорабинӣ иштирок хоҳанд кард.

Соли гузашта чунин олимпиада аз 1 то 10 июл дар Русия доир гардида, намояндагони Тоҷикистон дар шакли фосилавӣ ҷойҳои 2 ва 3-юмро ишғол намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.