Тайи 6 моҳи соли равон 674 табиб ва 1 ҳазору 350 ҳамшираи шафқат Тоҷикистонро тарк карда, ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ, имрӯз, 27 июл хабар дод.

- Дар соли 2021 бо сабаби банд будани сарҳадҳо муҳоҷирати меҳнатии табибон ба қайд гирифта нашуд.  Вале дар соли 2022 674 табиб ва 1350 ҳамшираи шафқат ба муҳоҷиарти меҳнатӣ ба дигар давлатҳо рафтанд. Мо наметавонем гуфт, ки дар ин кишварҳо аз рӯи ихтисос кор мекунанд ё ба дигар кор гузаштаанд, - афзуд Абдуллозода.

Ӯ сабаби тарк кардани табибону ҳамшираҳои тиббиро пешниҳод шудани барномаҳои махсус ва имтиёзҳо аз ҷониби кишварҳои дигар, махсусан, ҳамсоя маънидод кард.

 - Кишварҳои ҳамсоя барои ҷалби мутахассисони соҳаи тиббӣ барномаҳои махсус ва имтиёзҳо таҳия кардаанд. Аз ин рӯ, табибон барои ба даст овардани имтиёзҳо ба ин кишварҳо мераванд.   Қисми дигар барои такмили ихтисос мераванд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки баъзе донишҷӯён ба дигар давлатҳо барои гузаштани орденатураи клиникӣ рафаанд, - гуфт вазири тандурустӣ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки то ҳол дар кишвар 4725 табиб ва ҳамшираи тиб намерасад. Аз ин 3024 табиб ва 1701 ҳамшираи тиб мебошанд.

Вазъи норасоии табибон дар минтақаҳо чӣ гуна аст?

Ба иттилои Ҷамолиддин Абдуллозода, айни ҳол, дар вилояти Хатлон 1157 табиб ва 2212 ҳамшираи тиб, дар вилояти Суғд 610 табиб ва 480 ҳамшираи тиб ва дар ВКМБ 58 табиб ва 9 ҳамшираи тиб намерасад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ВМКБ норасоии кадрии ҷиддӣ ба назар намерасад ва дар шаш моҳи соли равон танҳо як нафар корманди тиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаасту халос.

Кадом табибон намерасанд?

Вазири тандурустӣ гуфт, дар кишвар аз ҳама бештар табиби оилавӣ, анестизиолог-реаниматолог, педиатр ва анестизиологҳо намерасанд.

Роҳи ҳал кадом аст?

Ин мушкилро, ба гуфтаи раиси Вазорати тандурустӣ, метавон тавассути кадрҳои нав ҳал кард.

Ҳамин тариқ, ба иттилои вазир, имсол, аз ҳисоби мутахасисони ҷавон 1543 нафар баъди интернатура  ва 124 нафар баъди ординатура ба кор ҷалб карда шуда, онҳо аз 1 август ба кор оғоз мекунанд.

«Имсол бояд беш аз 2000 нафар хатмкунандагони донишгоҳи тиббӣ ба кор шурӯъ кунанд. Мо метавонем мушкилотро бо ин чаҳорчӯба ҳал кунем. Дар мавриди нарасидани ҳамшираҳои шафқат, имсол қариб 3,5 ҳазор хатмкунанда соҳиби дипломи ҳамшираи шафқат хоҳанд шуд», - гуфт вазир.

Омор тағйир наёфтааст

Ёдовар мешавем, ки дар нишасти матбуотии моҳи февралӣ низ Ҷамолиддин Абдуллозода гуфта буд, ки дар кишвар 674 духтур намерасад ва он замон ҳам ӯ гуфта буд, ки яке аз сабабҳои тарки кор ва ё ба муҳоҷират рафтани табибон имтиёзҳое аст, кишварҳои дигар барои табибон пешниҳод мекунанд. 

Он замон вазир гуфта буд, ки дар вилояти Суғд 180 пизишк ва корманди миёнаи тиб, дар вилояти Хатлон 120 нафар пизишк ва ҳамшираи тиб, дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 128 духтуру корманди миёна тиб, дар Душанбе 115 пизишк ва дар ВМКБ 11 пизишк намерасад.

Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 20797 табиб ва 60329 корманди миёнаи тиб  кор мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.