Дар радабандӣ (рейтинг)-и Cost of Living Survey-и ширкати Mercer оид ба арзонии кору зиндагӣ барои хориҷиён пойтахти Тоҷикистон дар зинаи сеюм қарор гирифт.

Мувофиқи радабандӣ, байни 227 шаҳри саросари дунё арзонтар аз Душанбе барои хориҷиён шаҳрҳои Бишкек ва Анқара арзёбӣ гардидаанд, ки мутаносибан дар зинаҳои 226 ва 227-ум ҷойгир шудаанд.

Дар даҳгонаи нисбатан шаҳрҳои арзони ҷаҳон, ки ин радабандӣ фаро гирифтааст, ҳамчунин Тошканд (зинаи 221-ум) ва Алмато (мақоми 219-ум) зикр шудаанд.


Пойтахти Туркманистон ба мисли шаҳрҳои Русия дар радабандӣ зикр нашудааст.

Ба сегонаи гаронтарин шаҳрҳои дунё барои хориҷиён Ҳонконги Чин ва Сюриху Женеваи Швейтсария шомиланд.

Радабандӣ бар асоси назарсанҷӣ байни мутахассисони хориҷии машғули кор дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон таҳия шудааст.

Муаллифони радабандӣ омилҳоеро чун қурби асъор, нархи маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ва хидматрасонӣ, мизони таваррум ва маблағи иҷорапулиро ба инобат гирифтаанд.

Натиҷаҳои мониторинг аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ барои муайян кардани музди меҳнат ва имтиёзҳое, ки ба кормандонашон ҳангоми фиристодан ба хориҷа пардохт мешавад, мавриди истифода қарор мегирад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.