Пешниҳоди ПСР-тест (маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19) ё гувоҳнома (сертификат) дар бораи ваксина гирифтан зимни вуруд ба қаламрави Тоҷикистон бо нақлиёти ҳавоӣ боз ҳатмӣ шуд. Бо назардошти афзоиши бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо сирояти коронавирус дар ин бора қарор қабул кард, хабар медиҳад АМИТ”Ховар”.
Ба Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки ин қарорро ба маълумоти сокинон ва меҳмонони кишвар расонад.
Бино ба маълумоти Агентӣ, ҳар давлат ҷиҳати пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия талаботи худро ҷорӣ намудааст ва вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймо аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маълумот дастрас намоянд.
Хотиррасон мешавад, ки ин чораҳои беҳдоштӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан роҳандозӣ гардида, бо беҳ гардидани вазъият аз байн бурда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон пешниҳоди ПСР-тестро ҳангоми вуруд ба ҷумҳурӣ расман бекор накарда буд. Мувофиқи қарори ситод, аз 15 марти соли 2022 ба мусофирони ба кишвар омада кофӣ буд, ки шаҳодатнома дар бораи ваксинзаниро бо худ дошта бошанд. Лекин дар сурати набудани он, пешниҳоди маълумотнома (справка) бо натиҷаи манфии ПСР-тест лозим меомад, ки 72 соат то расидан ба Тоҷикистон дода шудааст.
Лекин бо сабаби беҳбуди вазъи марбут ба коронавирус, аксарият аз тест намегузаштанд ва санҷишҳо бештар хусусияти тавсияро доштанд.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста