Бисёр шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон омаданд. Бархе Тоҷикистонро ба сифати кишвари транзитӣ барои сафар ба давлатҳои дигар истифода карда, чанде мехоҳанд, ки ин ҷо муддати тӯлонӣ қарор дошта бошанд. Мо аз онҳо дархост намудем, ки дар бораи тасмими ба Тоҷикистон омадан ва тааасуроти худ аз кишвари мо изҳори назар кунанд.

Адам ва Шамил: “180 ҳазор рубл барои 2 билет”

Бародарон Адам ва Шамил зодагони Қафқоз ва шаҳрвандони Русия мебошанд. Дар робита ба сафарбаркунӣ онҳо Русияро тарк карданд.

- Дар куҷои Русия иқомат доштед?

- Оилаи мо 15 сол пеш аз Доғистон ба Маскав кӯчид. Пас аз эълони сафарбарсозӣ хешовандон исрор карданд, ки фавран билет харида, ба дигар ҷой равем.

Моҳи феврал, пас аз оғози ин рӯйдодҳо мо ба Гурҷистон рафта будем, лекин моҳи июн бозпас баргаштем. Зиёд дар Маскав будан муясссар нашуд. Акнун боз ба сафар баромадем.

- Чаро тасмим гирифтед, ки маҳз ба Тоҷикистон меравед? Барои чӣ боз ба Гурҷистон нарафтед?

- Яке аз сабабҳояш он аст, ки бо кадом суръат билетҳо харида шуданд. Замони ба сомонаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ворид шудани мо, қариб ба ҳеҷ куҷо билет боқӣ намонда буд ва дигар интихоби кишвар ҳам барои мо фарқе надошт. Бо бародарам билетҳоро бо арзиши ҳудуди 180 ҳазор рубл харидем.

Омили дигари ҳалкунанда боз он буд, ки дар Душанбе дӯстонамон ҳастанд. Бо онҳо чанд сол пеш дар Маскав шинос шуда будем. Яъне ин ҷо касоне ҳастанд, ки моро пешвоз гирифта, барои дарёфти хонаи иҷора кумак мекунанд, аз ин рӯ, ин ҷо бароямон мувофиқ буд. Ғайр аз ин, фарҳангамон наздик ва мо ҳам мусулмонем.

Аз аввал ба Гурҷистон баргаштан намехостем, зеро ҳозир он ҷо муносибат ба ҳамаи русиягиҳо манфӣ аст, ҳатто ту агар аз Қафқоз ҳам бошӣ. Ҳамчунин дар бораи ҳолатҳои рад шудани вуруд огаҳӣ доштем.

- Дар ин ҷо чӣ муддат мехоҳед зиндагӣ кунед?

- Айни замон нақшаи мушаххасе надорем. Бисёриҳо тариқи транзит аз Душанбе ба Тошканд ё Остона мераванд, лекин ҳоло мо ҳамин ҷо монданием. Пули иҷораи дуҳафтаинаро дода, агар нақшаҳоямон тағйир наёбад, тадриҷан муддати онро дароз мекунем. Ба Олмон рафтанӣ будем, зеро фаҳмида будем, ки дар он ҷо ҳуҷҷатҳои шахсони аз Русия хориҷшударо дуруст мекунанд. Лекин намедонем, ки ин маълумот то куҷо рост аст.

- Дар Тоҷикистон кор мекобед ё таври фосилавӣ кор мекунед?

- Ман ба сифати маркетолог кор карда, барои кори фосилавӣ гапзанон кардам. Лекин ба бародарам, ки менеҷери лоиҳавӣ аст, лозим омад, ки аз кор равад. Ҳозир бо пулҳои ҷамъкардаамон зиндагӣ дорем ва алҳол кор накофта истодаем. Лекин шояд замоне фаро расад, ки сари он андеша кунем.

- Оё дар Душанбе ба мунсибати манфии сокинони маҳаллӣ дучор шудед?

- Дар муқоиса бо Гурҷистон дар ин ҷо умуман ин чиз нест. Дар он ҷо моро дар кӯча ҳам фарёд карда метавонистанд, намегузоштанд, ки ба корхона ё биное ворид шавем ва боре ҳатто чун диданд, ки мо шиносномаи Русия дорему вале миллатамон дигар аст, аз бастани қарордоди иҷора даст кашиданд.

- Шаҳр чӣ гуна аст?

- Ростӣ, сафар чунон шитобкорона буд, ки ин рӯзҳо фақат аз хоб сер шудем. Сипас ба масоили ҷустуҷӯи хонаи иҷора, харидани симкорт ва ғайра машғул будем. Бинобар ин, ҳоло барои тамошои шаҳр вақт надоштем.

Лекин аллакай гуфта метавонем, ки рӯшноидиҳии биноҳо, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва сихкабобҳои бомаза маъқул шуд. Ҳоло дар ояндаи наздик ба шаҳр баромада, аз макони тамошобод боздид мекунем.

Анна: “Дар батнам тифли 7-моҳа дорам...”

Имрӯз натанҳо дар Душанбе, балки дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон низ бо шаҳрвандони Русия вохӯрдан мумкин аст. Дар ҳамин ҳол, миёни онҳо ба ҷуз мардони синнусоли даъватӣ, оилаҳо ҳам ҳастанд. Анна, шаҳрванди Русия яке аз онҳо мебошад, ки бо шавҳараш ба Хуҷанд омадааст.

- Чӣ гуна тасмим гирифтед, ки Русияро тарк мекунед ва чӣ муддат дар ин ҷо монданиед?

- Дар батнам тифли 7-моҳа дорам ва агар каме дигар вақт мегузашт, парвоз бо ҳавопаймо бароям манъ буд. Кӯшиш дорам, ки ҳазлу шӯхӣ карда, аз гиря худро боздорам, дар асл бошад, хеле нигаронам, ки оянда моро чӣ интизор аст. Дар Хуҷанд ба муддати начандон зиёд иқомат карданием, ҳозир ронанда ҷустуҷӯ дорем, то ки моро ба Тошканд барад. Аз он ҷо ба Остона меравем.

- Чаро дар Хуҷанд намемонед?

- Вақт надорем, ки Хуҷандро тамошо кунем. Мехостам, ки аз ҷойҳои тамошобоби ин ҷо боздид кунам, лекин ҳоло сахт нигаронем, ки русҳоро дигар ба гузаштани сарҳад иҷоза намедиҳанд. Бинобар ин, шитоб дорем, ки зудтар ба Қазоқистон равем. Он ҷо хешовандони шавҳарам зиндагӣ мекунанд ва ба мо кумак хоҳанд кард.

- Дар ҳамон ҷо иқомат карда, кор меҷӯед?

-Шавҳарам дар Русия тиҷорати худро дорад, ки дар он 40 нафар машғули коранд. Ба ширкат ҳоло кордор нестем, он ҷо одамон кор карда истодаанд.

Лекин аввалаш, намедонем, ки оянда тиҷорат чӣ мешавад ва дуюм, намедонем, ки пул ва амволро аз Русия чӣ гуна баровардан мумкин аст. Аслан, баъди 3-4 сол баргаштанием, лекин оянда чӣ мешавад, касе намедонад...

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.