Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижаи Сангин рӯзи консертҳои наздиктаринашро таҳти унвони «Неотменяемый тур» (Сафари ҳунарие, ки бекор намешавад) аз моҳи октябр ба ноябр гузаронид. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст.

“Ин ба эълони қисман сафарбарӣ дар Русия ва масоили таъмини амнияти мусиқачиёнам марбут аст, - навиштааст Манижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ. - Дар Алмато ҷойи баргузории консертро иваз мекунем. Рӯз ва ҷойи баргузории консерт дар Бишкекро дертар эълон мекунем. Барои ба малоли хотиратон расидан узр мепурсам ва умедворам, ки маро мефаҳмед. Интизори вохӯриҳо бо Шумоям!”.

Ҳамаи билетҳои қаблан харидашуда дар рӯзи дигари таъиншуда низ эътибор доранд.

Агар дар ин рӯзҳо барои ба консерт рафтан имкон надошта бошед, барои баргардонидани пул ба масъул (оператор)-и дахлдор ба билетҳо муроҷиат кардан зарур аст.  

Рӯзи нави консертҳо:

Алмато, Клуби «Мотор» – 20 ноябр.

Тошканд, Кохи ҳунари «Туркистон» – 21 ноябр.

Душанбе, Кохи Сурӯш – 24 ноябр.

Дарёфти билетҳо бо суроғаи зерин дастрас аст.

Ёдрас мекунем, ки консерти Манижа Таҳти унвони  «Город солнца» (Шаҳри офтобӣ) бояд рӯзи 9 октябр дар Душанбе баргузор мешуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.