Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин изҳор дошт, ки мақомоти кишвар ному насаби шаҳрвандонеро, ки пас аз эълони қисман сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбӣ ба артиш Русияро тарк карда истодаанд, сабт мекунанд.

“Мо рӯйхати ҳамаи онҳоеро, ки ҳозир рафтанианд, дар даст дорем. Фикр мекунед, ки онҳо мераванду инро касе намебинад, ки кӣ рафту ба куҷо ва барои чӣ рафта истодааст?”, - овардааст гуфтаҳои Володинро Интерфакс.

Ӯ мушаххасан нагуфтааст, ки рӯйхатҳо бо кадом мақсад таҳия мешаванд ва изҳор намудааст, ки рафтагон боз бармегарданд.

Бар асари навбатпойиҳо дар сарҳад, бисёре аз равандагон мошинҳои худро дар Русия мемонанд. Раиси Думаи давлатӣ пешниҳод кардааст, ки ин мошинҳо ба ихтиёри оилаҳои низомиён дода шавад.

“Ҳаин тавр дуруст мешавад”, - иброз доштааст вай. Ба сифати ташаббуси қонунгузорӣ алҳол чунин пешниҳод нашудааст.

Қаблан рӯзи 28 сентябр раиси Комиссияи Шӯрои Федератсия оид ба ҳифзи соҳибихтиёрии давлат Андрей Климов хотиррасон намуда буд, ки шаҳрвандони пас аз эълони сафарбаркунӣ ба берун аз ҳудуди кишвар сафаркарда, ҳама вақт метавонанд бидуни ҳарос аз “ҷазои қонунӣ” баргарданд.

“Аммо аз масъулияти ҷиддии маънавӣ бархе аз фироркардаҳо канор буда наметавонанд”, - зикр кардааст вай.

Пас аз эълони сафарбарӣ дар ҳафтаи гузашта дар гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ аз Русия навбати фирориҳо саф ороста, якбора боло рафтани нархи билетҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан ба қайд гирифта шуд.

Дар бораи теъдоди мушаххаси афроди Русияро тарккарда маълумот дода намешавад, лекин ин ҷо сари даҳҳо ҳазор нафар сухан меравад.

Олмон ва ИМА розӣ шуданд, ки эҳтимол паноҳандагони русро қабул кунанд ё ҳадди аққал ба ҳолатҳои онҳо расидагӣ намоянд, аммо Русия бо онҳо марзи заминӣ надорад.

Фирориён, пеш аз ҳама ба Қазоқистон, дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон азми сафар мекунанд.

Рӯзи 27 сентябр масофаи танбашавии воситаҳои нақлиёту одамон дар марзи Русия ва Гурҷистон ба зиёда аз 20 километр расид.

Ба русиягиҳое, ки аз сафарбарӣ худро наҷот доданианд, барои тарки кишвар якчанд рӯз лозим аст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Осетияи Шимолӣ дар сарҳад нуқтаи сафарбарии комиссариати ҳарбиро роҳандозӣ кардаанд.

Шаҳрвандони Русияро лозим меояд, ки  мошинҳои худро дар ин канори сарҳад боқӣ гузошта, дар муддати якчанд шабонарӯз баъд ба гузаштан аз постгоҳи назоратии “Верхний Ларс” муваффақ шаванд.

1/3

Дар бораи чӣ гуна пешвоз гирифтани фирориён аз сафарбарӣ дар Тоҷикистон дар маводи зерини мо маълуфоти муфассал қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.