Кумаки башардӯстона, ки тавассути Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) барои Афғонистон таҳия гардидааст, 26-уми ноябри соли 2021, бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон ба 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманди ин кишвари ҳамсоя расонида шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад.

“Кумаки мазкур аз 2500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода шуд”, - менависад ин расона.

Зикр мегардад, ки Тоҷикистон аввалин кишварест, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод ба Афғонистон пешниҳод намудааст.

Гуфта мешавад, ки ин масъала дар суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш 26-уми август баррасӣ ва мувофиқа шудааст.

Президенти Тоҷикистон дар суҳбати телефонии хеш бо Антониу Гутерриш таъкид намудааст, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба кумакҳои башарии худ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон идома диҳад ва онро дар шароити мушкили имрӯза танҳо нагузорад”.

“Вобаста ба ин омодагии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ин раванд, аз ҷумла тавассути пешниҳоди имкониятҳои логистикии кишвар барои расонидани чунин кумак иброз карда шуд”, - менависад АМИТ “Ховар”.

Ёдовар мешавем, ки пас аз суқути ҳукумати қонунӣ дар Афғонистон ва ғасби ҳокимият аз ҷониби Толибон, Тоҷикистон нигаронии амиқи хешро аз вазъи сиёсии баамаломада иброз намуда, таъкид карда буд, ки ҳукумати ин гуруҳро ба ҳеҷ ваҷҳ ба расмият нахоҳад шинохт, аммо ҳамеша таъкид менамуд, ки ҷонибдори кӯмак ба мардуми Афғонистон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.