Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби олӣ! Шуморо пеш аз ҳама бо ҷашни фархундаи 70 - умин солгарди умратон, ки мо дар арафаи таҷлили он қарор дорем, табрик мегӯям. Бароятон тани сиҳату умри дароз мехоҳам. Бигзор ҳамеша сарвари ин миллату меҳан ва маҳбуби ҳамватанону ҷаҳониён бимонед.

Ин барои ман муҳим аст, зеро ҳамеша тарафдори сиёсати шумо ва сулҳу суботи кишвар будам ва хоҳам монд.

Муҳтарам Пешвои миллат!

Шояд шумо аз мушкили ба сари мо омада огаҳӣ доред. Шавҳари ман Ғурбатов Авазмад (Абдуллоҳ Ғурбатӣ) наздики 4 моҳ мешавад, ки дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ин воқеа вақте рӯй дод, ки мо дар оила аз меҳмони навомада, фарзандамон Масъуд, ки падараш ба шарафи  Аҳмадшоҳи Масъуд номаш ниҳодааст, шодӣ мекардем. Фарзанди мо низ ҳамагӣ чор моҳ дорад, вале дар ин хурдӣ аз навозишу дӯстдории падар маҳрум шуд. Таҳаммули ин мушкил барои мо хеле сангин афтод, вале то ҳол боварӣ ва умед дар диламон ҷой дорад, ки мактубҳои қабливу нави мо ба Шумо мерасанд ва ба ҳаёти мо мисли пешин шодиву нишот бармегардад.

Президенти муҳтарам!

Ман бо парвандаи шавҳарам шинос шудам ва бо боварӣ мегӯям, ки Абдуллоҳ ҳеҷ гоҳ аъзои ҳизби мамнуи наҳзати ислом, ки бо ин иттиҳом гунаҳкораш мекунанд, набуду нест. Ӯ ҳеҷ гоҳ аз ин ҳизб ҷонибдорӣ ва бо он ҳамкорӣ накардааст.

Ҳамчунин, Абдуллоҳ ягон корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳқиру латукӯб накардааст. Баҳси асосӣ сари чанд суханҳои дар саҳифаи фейсбукӣ навиштааш меравад, ки онро аз рӯи эҳсосот навиштаасту ҳеҷ рабте ба ҳимояи гурӯҳои мухолиф надорад. Муссалам аст, ки ҳар инсон иштибоҳ мекунад, вале танҳо инсонҳои дорои қалби бузург метавонанд бахшанд. Ман бовар дорам, ки Шумо бо он қалби бузурги хеш шавҳари маро мебахшед. Дуруст дарк мекунам, ки хиёнат ва хиёнаткор ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад, аммо бовар кунед Абдуллоҳ ҳеҷ гоҳ ба ин давлату миллат хиёнат накардааст ва намекунад.

Пешвои муаззами миллат!

Ман ҳамеша тарафдори сиёсати шумо будаму ҳастам, агар ман эҳсос мекардам, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов) зидди ин давлату миллат ҳарф мезанад ва фикру ақидаи ҷониби мухолифро тарафдорӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ риштаи ҳаётамро бо ин гуна нафар пайванд намекардам. Ман бо боварӣ мегӯям, Абдуллоҳ Ғурбатӣ фарзанди ғамхори миллат аст, аз пешрафтҳои ин давлат шодӣ мекард. Ва ҳамеша мегуфт, ҳеҷ маконе беҳтар аз Тоҷикистон нест ва ба ҳеҷ ваҷҳ намехост тарки Тоҷикистон кунад.

Ҳафтаи оянда, ҳамагӣ чанд рӯз пас тақдири шавҳари ман, яъне тақдири ману кудаки хурдсолам низ ҳал мешавад. Талаби прокрори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои 8 сол равонаи зиндон намудани як ҷавон, ки ҳамагӣ 26 сол дорад, падари фарзанде, ки ҳамагӣ 4 моҳ дорад ва ҷудоии як оилаи навташкил хеле ноодилона аст. Вале боз ҳам умедамон аз қарори ниҳоӣ, ки аз ҷониби суди ноҳияи Шоҳмансур дода мешавад, бузург аст.

Ҷаноби олӣ!

Соле пеш шавҳари ман Абдуллоҳ Ғурбатӣ филмеро аз ҳаёти як кӯдаки наврас, ки барои кӯмак ба модараш аробакашӣ мекард, сабт намуд. Ин филм чанд ҳафта пеш дар Қазоқистон миёни 18 филми мустанад, ҷоизаи беҳтарин филми ҳуҷҷатиро аз Тоҷикистон гирифт. Гуфтаниам, ки ӯ ҷавони серталош, навгаро, ҳунарманд ва масъулиятшинос аст. Ҳоло хуб дарк намудааст, ки эҳсосот инсонро лаҳзае парешон мекунад ва бовар дорам, минбаъд чунин эҳсосотро дар вуҷудаш роҳ намедиҳад.

Бовар дорам, Шумо бо ҳақиқати воқеӣ шинос шуда, барои ба зиндон нафиристодани як ҷавони ҳунарманду ояндадор мусоидат хоҳед кард. Барои ҳамин, аз Шумо хоҳиш дорам, ин қазияро зери назорати худ гирифта, як оиларо аз парешонӣ ва ҷудоӣ наҷот бидиҳед.

Бо эҳтиром: Қосимзода Муборак Қосим

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.