Сокинони бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон аз интиқоли барқ рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 шикоят мекунанд. Аз ҳамаи минтақаҳои кишвар - Панҷакент, Вахш, Тоҷикобод, Спитамен, Ваҳдат, Бобоҷон Ғафуров, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва дигар шаҳру навоҳӣ шикоятҳо мерасанд.

Сокини Тоҷикобод Ҷонибек дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки дар ин ҷо интиқоли барқ аз соати 8-и субҳ то 17-и шом ва шабона - аз соати 22:00 то 03:00 қатъ карда мешавад.

Бино ба навиштаи корбари шабакаҳои иҷтимоӣ Додарбеков, дар ноҳияи Рӯдакӣ интиқоли барқ аз соати 8:20 то 18:30 қатъ мешавад, лекин интихобан: дар баъзе маҳаллаҳои аҳолинишин интиқоли барқ тамоман қатъ намешавад.

Яке аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависад, ки аз кормандони шабакаҳои барқи маҳаллӣ сабаби инро пурсида, онҳо чунин посух додаанд, ки: “Мо чизеро намедонем. Ба мо раҳбарият супориш медиҳад ва мо қатъ мекунем”.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”, дар ин робита ба Радиои Озодӣ изҳор намудааст, ки дар кишвар ҳеҷ навъ лимит ҷорӣ нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад, он барои корҳои таъмирӣ дар системаи барқрасонӣ сурат мегирад.

“Дар бархе ноҳияҳо зеристгоҳҳо ва симчӯбҳоро таъмир мекунанд ва дар бархе навоҳии дигар шохи дарахтонеро, ки ба симҳо мерасанд, мебуранд. Аз ин рӯ, барои чанд соат интиқоли барқ қатъ мешавад”, - гуфтааст Ёдгорӣ.

Ёдрас мекунем, ки ширкати “Шабакаҳои тақсими барқ” моҳи август хабар дода буд, ки истифодабарандагони неруи барқ дар Тоҷикистон акнун пешакӣ тариқи смс-паёмакҳо   аз тибқи нақша қатъ гардидани интиқоли барқ огаҳ карда мешаванд.

Лекин ба истифобарандагоне, ки аллакай барояшон интиқоли барқ қатъ мегардад, чунин огоҳиномаҳо нарасидааст.

Қобили зикр аст, ки пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази нави барқу гармидиҳӣ дар Душанбе ва ба кор даровардани гидроагрегатҳои аввали неругоҳи “Роғун”, ба назар мерасид, ки мафҳуми “лимит” акнун дар гузашта боқӣ мемонад.

Аммо бо фарорасии фасли тирамоҳ сокинони деҳот аз тез-тез ва ба муддати тӯлонӣ қатъ шудани интиқоли барқ шикоят мекунанд.

ҶСК “Шабакаҳои тақсими барқ” ба беҳбуди сатҳи хидматрасонӣ ба истифодабарандагони барқ, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооти барқӣ, коҳиши талафоти барқ, ҷамъоварии маблағ барои истифодаи он ва роҳ надодан дар ин росто ба зиёдшавии қарзҳои ҷорӣ масъул аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.