Ҳамин ҳоло, дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) мурофиаи навбатии додгоҳии журналисти тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ оғоз шуд.

Хабарнигори “Asia-Plus” аз назди боздоштгоҳ иттилоъ дод, ки ин бор низ мурофиа пушти дарҳои баста ҷараён дошта, ба он модар ва ҳамсари Абдуллоҳ, хешовандонаш ва рӯзноманигоронро роҳ надоданд.

Сабаби ба мурофиа роҳ надодани пайвандони наздики Абдуллоҳ ва журналистон ва ҳамин тавр, пушти дарҳои баста баргузор намудани мурофиа то ҳол маълум нест ва бо гузашти се ҷаласаи судӣ касе шарҳ намедиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар мурофиаи қаблӣ айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ 8 соли зиндони низомаш пурзӯр талаб намуда буд.

Пас аз ин ҳамсари Абдуллоҳ бо ирсоли мактуби кушод ба унвони президент Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, ки муҳокимаи парвандаи шавҳарашро зеро назорати шахсии худ гирад ва нагузорад, ки як оилаи ҷавон аз ҳам ҷудо шавад.

Эҳтимол меравад, ки имрӯз ҳукми суд нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ эълон гардад.

Дертар тафсилоти бештар ироа хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.