Дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 18 октябр барфи аввал борид. Ағбаҳои Шаҳристон ва Анзоби вилояти Суғд барфпӯш шуданд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар дигар вилоятҳои кишвар барф наборидааст.

Дар Агентӣ гуфтанд, барфи аввал ҳамагӣ якчанд сантиметри қишри болои заминро пӯшонидааст.

Ҳамчунин зикр шуд, ки ояндаи наздик дар Душанбе боридани барф дар назар нест. Соли гузашта барфи аввал дар Душанбе 17 ноябр борида буд.

Филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар Facebook аксҳоро аз барфи аввал дар шоҳроҳи Душанбе - Чанок нашр кард. 


Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз боридани барфи аввал наворҳои худро гузоштанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Агентӣ, имрӯз, 19 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сарду намнок дар ноҳияҳои водибуда пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-100 дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар бештари манотиқи кишвар ба амал омадани боришот дар назар буда, боришоти нисбатан шиддатнок дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз эҳтимол дур нест.

Дар ноҳияҳои алоҳидаи  ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22м/с дар назар буда, дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд.

Бо сабаби боришоти бошиддат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба амал омадани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда якуякбора баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.