Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон ба баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти марказ.
Аввалин имтиҳонҳои озмоишии имсола дар мактабҳои №№12, 16, 48, 31, 97-и шаҳри Панҷакент бо фарогирии 240 нафар хатмкунанда гузаронида шуд.
Гуфта мешавад, баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ барои муайян кардани сатҳи дониши хатмкунандагони мактабҳо аз рӯи фанҳои имтиҳонӣ ва баланд бардоштани масъулияти хатмкунандагон барои супоридани имтиҳонҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷараёни он хатмкунандагон бо тарҳи маҷмуи фанҳои имтиҳонӣ ва таркиби саволу масъалаҳои тест шинос шуда метавонанд. Шакли электронии китобчаҳои тестии имтиҳонҳои озмоишӣ ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ирсол шудааст.
Тибқи нақшаи марказ, имтиҳонҳои озмоишӣ дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ гузаронида мешаванд.
Марказ тасмим гирифтааст, ки имтиҳонҳои озмоиширо аз 22-юми октябр то 20-уми декабри соли 2022 дар зиёда аз 300 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо хатмкунандагон баргузор намояд.
Дар сомонаи расмии Марказ низ шакли электронии тарҳи нави маҷмуи китобчаҳои тестии имтиҳонҳои озмоишӣ гузошта шудааст, то ки хатмкунандагон бо он мустақилона шиносоӣ пайдо кунанд.




