Мардуми Тоҷикистон охири ҳафтаи равон ва аввали ҳафтаи оянда 3 рӯз, аз 5 то 7 ноябр истироҳат мекунанд.

Дар робита ба ҷашни 28-умин солгарди қабули Конститусияи Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвар рӯзи 6 ноябр таҷлил мегардад, шаҳрвандони Тоҷикистон се рӯз пайиҳам - 5, 6 ва 7 ноябр истироҳат мекунанд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, имсол ҷашн ба рӯзи якшанбеи ҳафта рост меояд ва рӯзи дигари баъдӣ, яъне рӯзи душанбе низ истироҳат мешавад.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат - шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.

Ҳамчунин 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, танҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монд.

Рӯзи 6 ноябр - тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзи истироҳат муқарар шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.