Қаҳрамони нави "Тоҷикистон, ба пеш!" Мадина Фозилова. Ҳамлагари дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон ва аввалин футболбоз-зани тоҷик, ки дар клуби аврупоии Maldives Ports Limited бозӣ кардааст.

Ӯ ба футбол 15 сол боз машғул аст, дар синни 11-солагӣ ба дастаи «Ласточка»-и Душанбе пайвастааст.

«Рӯҳбаландкунанда ва насиҳатгари доимии ман модарам мебошад, ҳамеша мегӯяд, ки агар футболро интихоб кардӣ, бояд ҳама корро аз таҳти дил анҷом диҳӣ, бояд беҳтарин бошӣ, бояд ба қуллаҳои баланд бирасӣ. Ҳарчанд пештар механдиданд: духтар чию футбол чӣ!», - қисса мекунад Мадина.

Достони муваффақияти футболбоз-зани пурқувватро дар шумораи нави мо бубинед.

Дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» дар бораи варзишгарони номдори ҷумҳурӣ, инчунин дар бораи онҳое, ки ба ояндаи пуршарафи варзиши тоҷик умед мебахшанд, қисса мекунем. Ҳамаи онҳо ифтихори кишваранд ва ба онҳо нигариста мо хитоб мекунем: Тоҷикистон, ба пеш!

Сарпарасти кулли лоиҳа ширкати букмекерии 1XBET мебошад.

Бо промо-коди BAPESH дар сомонаи шарики мо сабти ном кунед ва дар пасандози аввалини худ бонус то 1430 сомонӣ гиред!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.