Рӯзҳои 9-10 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми байнулмилалии сайёҳии Travel Hub «Содружество» (Иттиҳод) баргузор мешавад.

Ин чорабинӣ дар Кохи Таврический, қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ доир мегардад.

Дар ин бора вакили Маҷлиси қонунгузории Санкт-Петербург, раиси комиссияи соҳавӣ оид ба индустрияи сайёҳии парлумони шаҳр Елена Рахова хабар додааст.

“Намояндагони кишварҳои ИДМ дар бораи сайёҳӣ изҳори назар хоҳанд кард, - иброз доштааст Рахова. - Дар ин чорабинӣ мавзӯъҳои марбут ба сайёҳии тиббӣ ва экологӣ, рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, роҳандозии хатсайрҳо ва хидматрасониҳои нав баррасӣ мешаванд”.

Дар кори форум намояндагони соҳаи сайёҳии кишварҳои узви ИДМ - сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва соҳибкорони ин соҳа гирдиҳам меоянд.

Рушди робитаҳои нав дар шароити қисман баста шудани сарҳадҳо ва бозорои сайёҳиро тарк кардани як қатор бозингарони байнулмилалӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии чорабинӣ унвон шудааст.

Тоҷикистон дар ин форум лавҳаи шиносоӣ (имиҷӣ) пешниҳод намуда, дар иҷлосияи муаррифии “Хатсайрҳои нав” иштирок мекунад.

Travel Hub "Содружество" платформаест, ки соли 2019 барои муттаҳид кардани ҳамаи иштирокчиёни соҳаи сайёҳии кишварҳои уззви ИДМ таъсис дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.