Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ҷазои ихроҷи маҷбурии маъмурӣ гирифтаанд, мехоҳанд бо автобусҳои ҶСП “ХуҷандТрансСервис” ба хонаҳояшон фиристанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода.

Ба гуфтаи номбурда, ӯ дар ин бора рӯзи 1 ноябр бо директори генералии ин ширкати нақлиётӣ Рустам Қурбонов гуфтугӯ кардааст.

Зафар Сайидзода ва Рустам Қурбонов
Сурат аз ҷониби консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург пешниҳод шуд

“Дар сурати розигии ҷониби Русия, мо зарурати омӯзиш ва амалисозии чунин тарзи фиристодани тоҷикистониёни хориҷшударо баррасӣ кардем”, - гуфт ӯ.

Сайидзода мегӯяд, зимни вохӯрӣ Рустам Қурбнов дар бораи мусофиркашонӣ бо хатсайри мунтазами байнулмилалии “Екатеринбург (Русия) - Бохтар (Тоҷикистон) тариқи автобус маълумот додааст.

“Ман ба Қурбонов дар кори роҳандозии ҳамкории мутақобила бо мақомоти дахлдори давлатии ҳокимияти вилоятҳо ва ҳавзаҳои мухтори Русия, ки ба минтақаи масъулияти Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург дохиланд, изҳори омодагӣ кардам, то ки бароҳату босифат ва бехатару мунтазам мусофиркашонии байнулмилалӣ тариқи авобусҳо таъмин карда шавад”, - илова намуд Сайидзода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.