Дар Тоҷикистон иди нави касбӣ - Рӯзи кормандони мақомоти иҷро таъсис дода шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз палатаи поёнии парлумон.

Ба иттилои манбаъ, ба моддаи 2 Қонуни кишвар “Дар бораи рӯзҳои ид” сархати нав илова шуд, ки мутобиқи он санаи 5 апрел ҳамчунин Рӯзи кормандони хадамоти иҷро муайян карда шуд.

Ин масъала дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум рӯзи 2 ноябр баррасӣ шуд.

Зикр шуд, ки лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди ҳукумати ҶТ таҳия ва ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.

“Тасмим гирифта шуд, ки ин ид бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти кормандони ин соҳа ҷашн гирифта мешавад”, - гуфтанд дар парлумон.

Қобили зикр аст, ки бо амри президенти кишвар 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи истеҳсолоти иҷро амалӣ месозад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.