Хонабардӯшондостони чаҳор ҷавони эҷодкори афғон аст, ки баъди суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карданд ва ҳамакнун, талош доранд бо ҳунари худ дар макони нав аз худ нақше боқӣ монанд.

Филми мустанади “Хонабардӯшон” перомуни зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии чор тан аз ҳунармандони он сӯи Ому қисса мекунад, ки қабл аз фирор аз ватани хеш, дар риштаҳои гуногуни санъат фаъолият мекарданд. Акнун, ба иллати сар задани ҷангу низоъҳо дар Афғонистон, онҳо дар баробари садҳо тан аз ҳамватанонашон тарки ватан карданд. Авзои ноороми ватан онҳор водор кард, ки ба Тоҷикистон ҳиҷрат кунанд. Имрӯз, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ҳамоно фаъолияти эҷодияшонро идома медиҳанд. Инак беш аз як сол аст, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд ва албатта, то андозае аз ҷомеаи Тоҷикистон ва фазои фарҳангии он огоҳӣ доранд.

Коргардон ва муаллиф Тоҳир Назар ва наворбардор Абдукарим Уроқов буда, филм аз тақдири Фаҳим Фано, Ҷаҳиш Аҳмад-Зоҳир, Умар Хомӯш ва Забиулло Сайфӣ нақл мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.