Дар даъвати ҳарбии тирамоҳии имсола 124 фарзанди мансабдор ва хизматчии далватӣ ба артиш рафтаанд, ки дар байни онҳо писари раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, Бохтар, сардори шуъбаи муҳосибот ва молияи Прокуратураи генералӣ, прокуророни ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Муъминобод ва прокурори ҳарбии гарнизони шаҳри Кӯлоб низ будаанд.
Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода, дар сомонааш навиштааст, ки то 30-юми октябри соли равон, фарзанди 124 мансабдори давлатӣ ба артиш ҷалб шудаанд.
Манбаъ гуфтааст, дар даъвати тирамоҳии соли 2021-ум 299 фарзанди мансабдор ва дар даъвати баҳории соли равон 120 писари мансабдор ва хизматчии давлатӣ ба артиш рафтаанд, ки 19 нафари он фарзандони кормандони прокуратура мебошанд.
“Илова бар ин, бо мусоидати кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҳарбии гарнизонҳо дар рафти маъракаҳои даъват баъзан шаҳрвандон ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозиру ба хизмати ҳарбӣ даъват ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шудаанд”, - гуфтааст Прокуратураи генералӣ.
Ин ниҳод афзудааст, ки теъдоди шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, сол то сол кам шуда, сафи шаҳрвандоне, ки хоҳиши ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан доранд зиёд мешавад. Ҷавонон дар асоси даъватнома ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуда, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.
Ҷалби 124 фарзанди мансабдор ва хизматчии давлатӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳолест, ки қабл аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба зердастони худ муроҷиат карда, таъкид намуд, ки аз даъвати иҷборӣ худдорӣ кунанд ва бештар фарзандони мансабдоронро ба сафи артиш ҷалб намоянд.
Дар гузашта, бархеҳо яке аз сабабҳои гурез аз артишро, ба хидмат ҷалб нашудани фарзандони мансабдорон унвон мекарданд, ки ин ҳолат ба нобаробарии иҷтимоӣ оварда мерасонад
Дар гузашта ҳам хабарҳо дар мавриди ҷалби фарзандони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ ба сафи артиш расонаӣ мешуд.
Қаблан, Вазорати дифои Тоҷикистон хабар дода буд, ки бо гузашти як моҳи маъракаи даъвати ҳарбӣ нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар кишвар 70 дарсад иҷро шудааст.
Мақомот иҷрои нақшаи барвақтии даъват ба артишро ба афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии бармаҳал иҷро шудани нақша мебошад.
Ҳамасола, бо шурӯъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.
Мақомот ҳар сол аз набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста