Идораҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои иҷрои кори босифати корхонаҳо ва сари вақт баровардани партовҳо аз марказҳои шаҳру ноҳияҳо ба 500 адад техникаи махсусгардонидашуда эҳтиёҷ доранд.

Нурулло Абдураҳимзода сардори намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Хатлон ба “Asia-Plus” гуфт, мушкили норасоии техникаҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоят мавҷуд аст ва онҳо аллакай, ба роҳбарияти КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” муроҷиат кардаанд.

“Дар шаш моҳи охир КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” барои корхонаҳои вилояти Хатлон ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ 12 адад техника харидори кард. Техникаҳое, ки имрӯз дар ихтиёри ин корхонаҳо ҳаст аксараш аз солҳои Шуравӣ боқи мондав куҳнаю фарсуда шудаанд. То имрӯз дар мувозинаи корхонаҳои манзилию коммуналиии шаҳру навоҳии вилоят 237 адад техника мавҷуданд. Аз ин 137 адад дар ҳолати кори буда, 100 адади дигар корношоям ва таъмирталабанд”- гуфт Нурулло Абдураҳимзода.

Ба гуфти манбаъ техникаҳои харидашуда низ истеҳсоли замони Шуравӣ буда, аз ҷумла автомашинаи тамғаи ЗИЛ, КаМАЗ, трактори Т-28, МТЗ-82 мебошанд, ки ба ноҳияҳои Муӯминобод, Шаҳритус, Хурсон, Носири Хусрав, Дӯстӣ ва Қубодиён дастрас карда шудаанд.

Нурулло Абдураҳимзода изҳори умедвоорӣ кард, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналминалӣ онҳо бо техникаҳои зарури таъмин хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.