Дар ВКД Русия бар ин назаранд, ки гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия) на дар воҳидҳои минтақавии хадамоти муҳоҷират, балки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ гузаронида шавад.

“Мо чунин мешуморем, ки ин расмиёти хеле муҳим аст. Албатта, минбаъд инро дар постгоҳҳои назоратӣ гузаронидан лозим аст... Рӯйи ин масъала ҳамроҳ бо дигар сохторҳо кор карда истодаем”, - гуфтааст рӯзи панҷшанбе сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова зимни брифинг дар маркази матбуоти гурӯҳи расонаҳои “Россия сегодня”, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба гуфтаи Казакова, соли ҷорӣ қариб 3 млн нафар аз расмиёти мазкур гузаштаанд.

Қобили зикр аст, ки қонун дар бораи гирифтани изи ангуштон дар Русия охири соли гузашта қабул шуд.

Мувофиқи он, муҳлате, ки дар ҷараёни он хориҷиён бояд расмиёти гирифтани изи ангуштонро анҷом диҳанд, ба мақсади вуруди онҳо вобаста аст. Агар шахс зиёда аз 90 рӯз дар Русия бо масоили ғайрикорӣ қарор доштанӣ бошад, ин расиётро бояд на дертар аз 90 рӯз аз замони вуруд гузарад. Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дар муддати 30 рӯзи изи ангуштонашонро супоранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.