Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ваъдаи худро дар бораи таъмини яке аз мавзеҳои ноҳияи Қубодиён бо об иҷро кард.
Дар ҳисоботи фаъолияти Агентӣ дар зарфи 9 моҳи соли 2022 зикр мешавад, ки ин ниҳод ба низоми биллингии пардохти хидматрасониҳо мегузарад. Дар ҳамин ҳол, қарзи истифодабарандагони об дар назди Агентӣ ба зиёда аз 186 млн сомонӣ расидаааст.
Холмурод Раҳмонов ваъдаи ба мавзеи Юлдузқоқ (миёни мардум маъруф бо Эшакмайдон)-и ноҳияи Қубодиён баровардани обро иҷро кард.
Аввали сол зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентӣ изҳор дошта буд, ки дар ин мавзеъ бар асари аз кор баромадани таҷҳизоти пойгоҳи обкашӣ зиёда аз 700 гектар замин бе об мондааст.
Он вақт ӯ ваъда дода буд, ки ин мавзеъро бо об таъмин карда, деҳқононро ба корҳои кишоварзӣ бармегардонад.
Тавре ки мутахассиси Агентӣ Иван Маҳмадбеков хабар дод, корҳо дар ин самт тибқи нақша ҷараён дошта, дар 120 гектари заминҳои ин мавзеъ аллакай об бароварда шудааст ва киштукору ҷамъоварии ҳосил босуръат идома дорад.
Қисмати боқимондаи замини беш аз 500 гектар дар ояндаи наздик пурра обёрӣ хоҳад шуд, зеро дар дарёфту интиқоли қубур ва дигар техникаи зарурӣ мушкилӣ ба вуҷуд омадааст.
Ояндаи наздик дар Тоҷикистон азхуд кардани 1 ҳазору 390 гектар замини нави обёришаванда ва беҳтар намудани вазъи беҳдошт ва обёрии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ баромада ба нақша гирифта шудааст.
Мувофиқи ҳисоботи Агентӣ то 1 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 362 иншооти обтозакунӣ амал мекунанд, ки зиёда аз 431 ҳазор гектар заминро обёрӣ мекунанд.
Имсол Агентӣ зиёда аз 548 гектар заминро бо об таъмин кард, ки 206 гектар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба истифодабарандагон 4,2 млн метри мукааб об интиқол дода шудааст, ки 48,3 млн метри мукааб зиёдтар дар муқоиса бо соли 2021 мебошад.
Мушкили асосии Агентӣ пардохт нашудани маблағи таъминот бо об аз ҷониби истифодабарандагон буда, то ин дам ҳамагӣ 63% аз ҳаҷми умумии хидматрасониҳо пардохт шудааст.
Дар робита ба саривақт пардохт нашудани маблағ қарзи истифодабарандагони об дар нази Агентӣ зиёд шуда, то 1 октябри соли 2022 бо назардошти бақияи солҳои пешин 183,6 млн сомониро ташкил медиҳад.
“Ин ҳолат ба афзоиши қарзҳои дебиторӣ ва кредитӣ дар ташкилоту муассисаҳои Агентӣ боис мегардад”, - зикр мешавад дар ҳисобот.
Аз ин рӯ, барои дарёфти механизми самараноки пардохти хидматасониҳои таъминот бо об мутахассисони ин соҳа тадбирҳои зарурӣ рӯйи даст мегиранд.
Аз Агентӣ хабар доданд, ки мувофиқи “Барномаи ислоҳоти хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025”, пардохт давра ба давра бо шакли ғайринақдӣ тариқи низоми биллингӣ ҷорӣ мешавад.