Имрӯз, 4-уми декабр, аз таваллуди Абулқосим Лоҳутӣ, адиб ва шоири барҷастаи ҳавзаи адабии тоҷику форс 135-сол сипарӣ мешавад. Ӯ зодаи шаҳри Кирмоншоҳи Эрон буда, дар авҷи шӯҳраташ ба Тоҷикистон ҳиҷрат кард. Мавсуф дар фазои адабии Тоҷикистон дар фурсати хеле кӯтоҳ мавқеъ пайдо намуд ва дар густариши адабиёти тоҷик саҳми арзанда гузошт.

Равобити Абулқосим Лоҳутӣ бо чеҳраҳои номвари адабӣ, ба мисли устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода хеле танготанг ва муассир буд. Дар зер яке аз мактубҳои устод Айниро ба Абулқосим Лоҳутӣ, ки он солҳо дар Маскав умр ба сар мебурд, ба муносибати солгарди Лоҳутӣ пешкаш мекунем.

“Рафиқи муҳтарам, устод Лоҳутӣ!

Мебахшед, ки бо монеаҳои гуногун, ба шафқатномаҳои гуногуни Шумо то ҳол ҷавоб навишта натавонистам.

Аз ҳама пештар рухсат диҳед ба табрик ва изҳори шодмонӣ, ки ба муносибати ба ман дода шудани номи “Ходими хидматнишондодаи илм” кардаед, арзи ташаккури самимона намоям.

“Ҳадяи Заррина” ҳам дар вақти худаш расида буд. Алҳақ, “Одина” ва “Ятим”-и маро хуш пазироӣ кардаед. Худам ҳам “Одина”-ро яке аз меваҳои пешпазаки чорбоғи ҳаёти худ ва “Ятим”-ро яке аз беҳтарин асарҳои замонии худ мешуморам.

“Ҳадяи Заррина”-ро дар рӯзнома ҳам хондам. Маълум мешавад, ки коркунони редаксия ин хушпазироии Шуморо написандидаанд ва ба ҷои “Ятим” -у “Одина” калимаи “фақерак”-ро гузоштаанд.

Шеър ва мактубе, ки ба номи Холида фиристода будед, дар вақти худ расида буд. Ӯ то ҳол арзи ташаккур накардааст: “Ман танҳо як чизи ноарзанда навиштам ва ба муқобили он аз тарафи падари маънавиям ин ҳама меҳрубонӣ дидам. Аммо шарм медорам, ки ташаккур кунам. Ҳар вақт ягон чизи дигар нависам, он маънои арзи ташаккур мешавад. Ҳоло дар нуҳум класси мактаби русҳо хонда истодаам, наметавонам, ки чизи наве нависам”, - мегӯяд.

Дар бораи мақолаи Юсуфӣ таассуроти худро изҳор кардаед. Ман ҳам дар вақти хонданам он мақоларо мутаассир шуда будам. Шеъри лирикие, ки ба ин муносибат бо он мактуб фиристодаед, ҳақиқатан ба авҷи аълои лирика баромадааст. Бо ин ҳама баландӣ, ин ҳама содагӣ, ин шеър маро аз шавқ ба ҳаяҷон овард, ки мо ингуна намунаҳоро дар классикҳо надидаем. Ман наметавонам, ки дараҷаи софӣ, содагӣ, равонӣ ва ба болои инҳо ин қадар баландии ин шеърро тақдир намоям. Фақат дар тавсифи ин шеър метавонам, ки аз як таъбири тадқиқотчиёни классик (агар фаромӯш накарда бошам аввали ин таъбирро Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст) фоида барам, ин шеър бо тамоми маънояш “саҳли мумтанеъ аст”.


Азбаски дар байни мову Шумо нифоқу риёро ҷое нест, як хӯшаро, ки дар ин мақтаи шеър ба хотирам расид, изҳор кунам. Ин дар мисраи “Покиза бидораш, ки ба ҳастӣ сабаб аст ин аст”. Ман гумон мекунам, ки дар байни ҳукамои қадим як ҳамин гуна ҷараён буда, ишқро сабаби хилқат мешуморанд, баъзе мутафаккирони сӯфияи ислом ҳам ин назарияро бо таъбирҳои гуногун дар таълимоти худ даровардаанд. Ин таълимот бояд ба марксизм мухолиф бошад, лекин ман дар ҳақиқат на он назарияи ҳукамои қадим ва на марксизмро бахубӣ намедонам. Шумо инҳоро аз ман беҳтар медонед. Фикр карда бинед, ки агар дар ҳақиқат ҳамин гуна фикрҳо дар таърихи фалсафа бошад ва ба марксизм мухолиф бошад, дар вақти ба чоп фиристодан ин мисраъро ислоҳ хоҳед кард. Аммо агар ман дар ин фикри худ хато карда бошам, хатоямро бо самимият хоҳед бахшид.

Воқиаи наве, ки имсол дар таърихи адабиёти форс-тоҷик рӯй дод, ёфт шудани деҳаи Рӯдак (ҷои таваллуди устод Рӯдакӣ) ва қабри Рӯдакӣ аст. Маълум аст, ки то ҳол дар байни аҳли таърих ва тазкираҳо ихтилоф буд, ки Рӯдакӣ аз Бухорост ё Самарқанд. Ман дар вақти навиштанам “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро фикри аввалиро тарҷеҳ карда будам. Аммо имсол, ки дар бораи Рӯдакӣ мақола навиштам ба асоси як манбаи арабӣ, ки ривояти худро аз Идрис ном нақл мекунад, қарор додам, ки аз Самарқанд аст ва ин Идрис Астарободӣ буда, умри худро дар Самарқанд гузаронидааст ва дар ин ҷо пас аз шаст соли вафоти Рӯдакӣ мурдааст, ҳам таърихи Астаробод ва ҳам таърихи Самарқандро навиштааст. Идрис мегӯяд, ки Рӯдакӣ аз қарияи Рӯдак аст. Ҷои дигар мегӯяд, ки қабри Рӯдакӣ дар Панҷрӯдак аст, ки яке аз қарияҳои Рӯдак буда, дар навоҳии Самарқанд аст.

Аммо намедонам, ки ин Панҷрӯдак ва Рӯдак дар куҷои Самарқанд бошад. Профессор Семёнов, ки имсол дар ин бора мақола навишт, дар мақолаи худ қайд кардааст, ки Рӯдак ва Панҷрӯд дар 15-километри шарқи Самарқанд аст. Аммо ман бо пурсуков аз атрофи Самарқанд ба ин номҳо деҳае наёфтам ва ба тариқи ҳазл ба Деҳотӣ гуфтам, ки охир Рӯдак аз Панҷакат ёфт мешавад. Ин сухан зоҳиран ҳазл бошад ҳам ба ақидаи худам ҷиддӣ буд ва бинобар ин, ба ҳамин асос тадқиқот бурдам. Имсол дар моҳи июл, вақте ки ҳавлии худро ремонт мекардам, як мардикорро ба кор овардам. Ӯ аз деҳаи Фароби Панҷакат будааст. Аз вай Рӯдак ном деҳаеро пурсидам. Ӯ тасдиқ кард, ки дар Панҷакат аст, аммо ӯ надидааст ва бобои ӯ, ки ҳанӯз зиндааст, дидааст, Панҷрӯд (Панҷрӯдак) ҳам дар ҳамон ҷоҳо аст. Инро ҳам шунидааст. Ман ин маъниро ба секретари якуми райкомпартияи Панҷакат – ба рафиқ Муҳаммадиев навишта, аз вай илтимос кардам, ки ин маълумотро пурсуков кунад. Ӯ баъд аз чанд рӯз шахсан пеши ман омада маълум кард, ки Рӯдак ва Панҷрӯд – ҳар ду ҳам дар Панҷакат ҳастанд ва аз маркази район тахминан 60-70 километр меоянд. Ман ин маълумотро ба Сталинобод ба Союз навишта илтимос кардам, ки як экспедитсияи расмӣ фиристонад. Аз ин ҷо аз базаи Академия Бузургзода ва аз Наркомпросс Гарретский ном як таърихшинос омаданд ва маро раҳбари экспедитсия қарор доданд. Азбаски барои баромадан ба болои куҳи баланд дили ман тоб надошт, ман ҳамаи маълумот ва нишонаҳоро ба онҳо дода фиристодам. Онҳо рафта қабри Рӯдакиро ёфтанд. Ба қишлоқи Рӯдак бошад Гарретский нарафта, танҳо Бузургзода рафта омад ва ҳардуи инҳо ҳам ҳамаи маълумотҳоеро, ки ман ёфта будам, тасдиқ карданд.


Аммо вақте ки Гарретский бо мухбири радиои Москва мусоҳиба кардааст, ҳамаи ин кашфиётро ба худ нисбат додааст. Ба қавли ӯзбекон “Тайёр ошга бақавул” (боварҷии оши тайёр). Ман имсол бо даъвати панҷакентиҳо 11-уми ноябр ба болои кори каноли Марғедар рафтам, ки дар куҳистон дар шаст километр дуртар аз маркази район фарҳодвор сангро буррида кофта истодаанд. Дар ин ҷо ман бо панҷрӯдиён ва ҳам бо рӯдакиён мусоҳиба кардам. Рӯдакӣ дар байни онҳо бо унвони як олими 400 шутурдор (чунон ки дар тазкираҳо маълуманд) ва ба унвони уфорӣ (уфарӣ) ба маънии сознавоз машҳур будааст. Ҳатто мегӯянд, ки азбаски шутурдорӣ дар куҳистон душворӣ кардааст, Рӯдакӣ чанд вақт дар Самарқанд ва Бухоро кӯчида рафта будааст. Дар охирҳои умраш боз омадааст.

Акнун ба ман маънии таъбири манбаи арабӣ маълум шуд, ки дар вай Рӯдак ва Панҷрӯд (Панчрӯдак) аз навоҳии Самарқанд шумурда шудааст. Дар ҳақиқат ҳам Панҷакати то розмежевание, то соли 1925 яке аз районҳои (ноҳияҳо) Самарқанд ба шумор мерафт. Ман дар сари кори канол бо бисёр колхозчиён мусоҳиба кардам. Номи қишлоқҳои онҳо диққати маро ҷалб кард: Шумо аз куҷо? – аз Ҳуснобод, Шумо чӣ? – Нигинобод, шумо аз куҷо? Аз Майкада, Шумо чӣ? – Аз Зебон (3ебиён) ва ҳоказо. Ҳақиқатан районе, ки ба деҳаҳои худ ин гуна номҳои шоиронаро қабул кардааст, ҳақ дорад, ки монанди Рӯдакӣ як устоди номурдании шеъру музикаро расонад.

Дар вақти кори канал ягона роҳи куҳӣ, ки ба Рӯдак мерафтааст, муваққатан баста шудааст. Вагарна ман ба он ҷо ҳам мерафтам. Чунки Рӯдак аз сари канал 8 ё 10 километр будааст.

Ин кашфиёт хеле муҳим аст. Ба ҳама аҳди хонаводаатон аз худам ва аз ҳамаи аҳди хонаводаам саломи самимона.

Аз Самарқанд ба Москва, 24-уми ноябри соли 1940

Бо саломи рафиқона, Айнӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.