Филми мустанади "Алиф.До.Ре.Ми", ки аз сӯи коргардони ҷавони тоҷик Алиҷон Ҷалилов омода шудааст, дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён "Бастау" дар миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё сазовори "Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон" (Особое упоминание жюри) гардидааст.
Бори нахуст ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алмато дар фестивали минтақавии "MediaCAMP" намоиш дода шуда буд.
Ин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар - Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Филм дар доираи лоиҳаи "Формати хурд" -и Интернюс (2022) дар Тоҷикистон таҳия гашта, аз ҳайёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.
Филми мустанади "Алиф.До.Ре.Ми" дар жанри "мушоҳида" ва дар муддати се моҳ сабту таҳия шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар қатори коргардон-таҳиягар - Алиҷон Ҷалилов, ҳамчунин наворбардор- Наврӯз Саидов, садобардор - Эҳсон Субҳонзода, тадвингар - Комил Карим ва коргардони садо - Шаҳриниссо Яковлева саҳм гузоштаанд.
Қаҳрамони филм марди 74 солаест, ки ҳоло низ ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст. Роҳи зиндагии ин парвардаи хонаи ятимон ноҳамвор ва зиндагии ӯ пур аз тазоду рӯйдоду ҳаводиси хушу нохуш буд.
Дар синни 63 солагӣ бо ӯ ҳодисае рух медиҳад, ки зиндагии ояндаи ӯро тамоман дигар мекунад. Мусиқӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ барои амалӣ шудани орзӯи ӯ кӯмак кардааст. Дар филм нишон дода шудааст, ки новобаста ба андешаҳои аксарияти мардум дар ҷомеаи суннатӣ нисбат ба суруду мусиқӣ он метавонад барои расидан ба орзӯҳо ва дарёфти роҳи наве дар зиндагии шахс кӯмак ва мусоидат кунад.
Бояд қайд намуд, ки ин кори аввали мустақилонаи коргардонии Алиҷон Ҷалилов, хатмкардаи "Мактаби Филмҳои Мустанад" аст. Ин мактаб дар шаҳри Душанбе аз моҳи феврал то майи соли равон чандин ҷавонро, ки истеъдод ва ҳунари сохтани филмҳои мустанадро доштанд, ба таълим фаро гирифта буд.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста