Дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд ояндаи наздик 4 бинои хобгоҳ барои оилаҳои ниёзманд ба истифода дода мешавад, хабар дода мешавад дар саҳифаи ҳукумати вилояти Суғд дар Facebook.

Гуфта мешавад, биноҳо дар ояндаи наздик пурра таъмир ва ба сокинони эҳтиёҷманд супорида шуда, аз ин ҳисоб 160 оилаи ниёзманд бо манзили истиқоматӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар бораи дигар ҷузъиёт, аз ҷумла қаблан киҳо зиндагӣ доштан дар ин хобгоҳҳо ва муҳлати мушаххаси ба истифода додани онҳо маълумот дода намешавад.

1/2

Ба иттилои манбаъ, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бунёди 130 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, 30 адади он соли равон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Зикр мегардад, ки аз ҷумла, дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни таърихӣ бунёди коргоҳи нонпазӣ ва қаннодӣ, тарабхона ва маркази хизматрасонӣ, осорхона дар боғи фарҳангиву истироҳатии шаҳр, таъсиси ҳавзи об барои таъмини аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ, таъмиру азнавсозии хобгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.