Ғунчагул Бурҳониддин зодаи Афғонистон аст ва сӣ сол пеш аз дасти Толибон фирор карда, ба Тоҷикистон омад. Ӯ то ҳол дар як рустои кӯчаки Дарвоз дар танҳоии комил ба сар мебарад. Духтари ягонааш шавҳар карда, ба деҳаи дигар рафт ва ин зан хешу табори дигар надорад. Ғунчагул ҳуҷҷат надорад – тӯли тамоми сӣ соли зиндагӣ дар ин ҷо шиносномаи Тоҷикистонро нагирифтааст. Ин достони душворро дар филми мустанади «Модари ду соҳил» муаллифи асар, коргардони тоҷик, Одина Маҳмад нақл кардааст.
Ӯ ҳанӯз солҳои 90-ум аз дасти Толибон (ҳаракат дар рӯйхати созмонҳои террористӣ қарор дошта, фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст) ба Тоҷикистон фирор кард. Тамоми хешовандони наздикаш кушта шуданд. Дар ин ҷо ба марди аз худаш хеле калонтар издивоҷ карда, як духтар таваллуд кард, вале ҳеч гуна ҳуҷҷат нагирифт. Шавҳараш муддатҳо пеш вафот карда буд. Духтараш баъд аз шавҳар карданаш хонаи модариашро тарк кард ва аз он замон Ғунчагул танҳо зиндагӣ мекунад.
Филмбардорӣ аз тақдири ин зан замоне оғоз гардид, ки дар он тарафи дарёи Панҷ аллакай байрақҳои сафеди Толибон ҷилвагар буд. Яъне, тобистони соли 2021 Бадахшони Афғонистон зери тасарруфи ҷунбиши Толибон афтод ва аз ҷониби Тоҷикистон низомиён марзҳои худро мустаҳкам карданд.
Барои ба навор гирифтани тамоми филм 15 рӯз лозим шуд. Ҳамсояҳояш одамони хеле мазҳабӣ буда, мухолифи дар филм иштирок кардани Ғунчагул буданд ва ба духтараш ҳам ин андеша на он қадар писанд омад. Бо вуҷуди ин, худи қаҳрамон тоқат кард, зеро вай воқеан умедвор буд, ки филм ба ӯ дар ҳалли масъалаи дарёфти ҳуҷҷат кӯмак мекунад. Вале то замони омода шудани филм Толибон билохира Афғонистонро ишғол карданд ва акнун сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон, ки мухолифи ҳукумати нав аст, наметавонад ба Ғунчагул кӯмак кунад.
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Асад Маҷид Хон
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста