Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон вобаста ба чанде аз лоиҳаҳояш, ки дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, саёҳати матбуотӣ (пресс-тур) ташкил кард.

Аз ҷумла дар дармонгоҳ (поликлиника)-и №13 дар Душанбе лоиҳаи “Беҳтар кардани ваксингузарони кӯдакони синнусоли барвақт” мавриди амал қарор дорад.

Соли 2022 дар доираи Лоиҳае, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад, ба Тоҷикистон 324 ҳазор воя (доза)-и ваксина зидди сурхча, паротити эпидемикӣ, инчунин 270,9 ҳазор вояи ваксина зидди гепатити В оварда шуд.

Сурат: Asia-Plus

Мутаносибан барои кӯдакони синни то 1-сола таҷҳизоти дахлдор ва контейнерҳои бехатар харидорӣ ва ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Дар доираи лоиҳа фарогирии 805 741 нафар кӯдакони синни то 1 сола бо ваксинаҳои зидди бемориҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти ЮНИСЕФ, барои татбиқи лоиҳа аз ҷониби ҳукумати Ҷопон ба дафтари кории ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон 307 млн йени ҷопонӣ (ҳудуди 2,5 млн доллар) ҷудо карда шуд.

Сурат: Asia-Plus

Илова бар ин, ба рӯзноманигорон таҷҳизоти рақамии рентгенӣ, ки дар як рӯз ба беш аз 100 нафар беморон хидмат мерасонанд, намоиш дода шуд.

Ҳамчунин дар доираи Барномаи рушди роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистон ҳукумати Ҷопон ба Раёсати истифодаи роҳҳо (ДЭУ)-и ноҳияи Рӯдакӣ се автомашина тақдим намуд.


Сардори шуъбаи хоҷагии роҳи Вазорати нақлиёти ҶТ Эгамбердӣ Амонзода хабар дод, ки соли 2022 бо дастгирии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 57 адад техникаи ва механизмҳои ҳаракати роҳ супорида шуд.


Ҳамчунин бо дастгирии сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар 10 мактаби таҳсилоти умумии кишвар синфҳои захиравӣ боз шуданд, ки дар онҳо кӯдакони имконияташон маҳдуд таълиму тарбия мегиранд.


Ҳангоми саёҳати матбуотӣ рӯзноманигорон ба мактаби №15-и шаҳри Ҳисор ташриф оварданд. Дар ин ҷо барои кӯдакони имконияташон маҳдуд шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Масалан, барои хонандагоне, ки аз аробачаи маъюбӣ истифода мебаранд, пайроҳаҳои махсус сохта шудааст.

Бар асоси ин лоиҳа кӯдакони имконияташон маҳдуд аввал дар синфҳои захиравӣ таълим гирифта, сипас дар мактаби таҳсилоти умумӣ мехонанд. Ҳайати омӯзгорони мактаб ва волидони кӯдакон барои шароити муҳайёшуда ба ҳукумати Ҷопон изҳор минннатдорӣ намуданд.

Ба гуфтаи директори мактаби №15-и шаҳри Ҳисор Суннатулло Раҳимов, чор сол инҷониб ҳукумати Ҷопон барои омодагӣ ва таҳсили кӯдакони маъюб дар мактаб синфи фарогир (инклюзивӣ) ташкил кард. Айни замон дар ин синф 10 нафар кӯдакон аз деҳаҳои наздик ба мактаб таҳсил мекунанд.


Гулбибӣ Раҳимова ҳар рӯз набераи худро аз ҷойи дур ба мактаб меорад. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ҳукумат барои равуои чунин кӯдакон аз маҳаллаҳои аҳолинишини наздик нақлиёт ҷудо кунад, зеро мактаб аз хонаи онҳо дар масофаи хеле дур ҷойгир аст.

Дар ҷамоати Сабои ноҳияи Шаҳринав бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 ба истифода дода шуд. Бино дар доираи лоиҳаи “Барномаи кумаи бебозгашт ва амнияти башардӯстона барои қисмати назарраси аҳолӣ” (GGP) ба маблағи 90 ҳазору 622 доллар сохта шуд.


Ҳамчунин дар ин бино кӯдакистон амал мекунад, ки барои таълими томактабии кӯдакони деҳа пешбинӣ шудааст.

Ҳукумати Ҷопон ният дорад, ки барои фароҳам овардани ҷомеаи беҳтар барои ҳамаи одамон дастгирӣ ва ҳамкориашро ҳамроҳ бо мардуми Тоҷикистон идома диҳад.


Ёдрас мекунем, ки соли 2022 аз замони роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон 30 сол пур шуд. Барномаи дастгирии Ҷопон дар Тоҷикистон соли 1996 оғоз шуд. То имрӯз дар чаҳорчӯби ин барнома 449 лоиҳаҳои гуманитарӣ (башардӯстона) амалӣ шуданд, ки маблағи умумиашон 37 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 143 лоиҳа дар соҳаи маориф ва 106 лоиҳа дар бахши тандурустӣ татбиқ шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.