Тоҷикистониён Соли нави 2023-ро бе барф пешвоз хоҳанд гирифт. Боришоти назаррас пешбинӣ намешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, Соли нав бо обуҳавои нисбатан гарм ва бидуни боришоти назаррас фаро расида, танҳо рӯзи 31-уми декабр каме борон меборад.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 31 декабр дар Душанбе ҳавои камабр бо туман дар назар аст. Ҳарорат рӯзона 6-8 ва шабона 0-2 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ (НТМ) ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14º хунук, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5º хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5º хунук, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14º хунук, рӯзона 0-5º хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1-6º хунук, рӯзона 1+6º гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17º хунук, рӯзона -3+2º, дар шарқи вилоят шабона 18-23º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 24-29º хунук (дар мавзеи Булункӯл то 44-46º хунук), рӯзона 8-13º хунук (дар мавзеи Булункӯл то 16-18º хунук) мешавад.

Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки моҳи январи соли 2023 дар аксари қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ қарор дошта,  дар баъзе ноҳияҳо то 1° аз меъёр баланд мешавад.

Дар назар аст, ки моҳи январи соли оянда 1-3 дараҷа хунуктар нисбат ба соли гузашта хоҳад буд (январи соли 2022 ҳарорати моҳона 2-4 дараҷа гармтар буд). Ҳарорати миёнаи моҳона дар моҳи январи соли 2023 дар водиҳо, НТМ ва вилояти Хатлон 1-3 дараҷа гарм, вилояти Суғд - 0+2 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо -1+2 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ - 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори боришоти моҳона дар ҳудуди меъёр ва баъзан аз меъёр болотар дар назар аст: дар водиҳо 39-75 мм (дар ноҳияҳои ҷудогона 9-28 мм), дар доманакӯҳҳо - 34-102 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ - 39-99 мм, дар ноҳияҳои баландкӯҳ - 2-6 мм.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.