Терминали навбунёди “Чорбоғ”, ки тақрибан ду моҳ пеш ба фаъолият оғоз кард ва мусобиркашҳои самти вилояти Суғд аз онҷо мусофир мегиранду мефароранд, пулакӣ шудааст: ронадагоне, ки аз ин терминал мусофир мегиранд, бояд 20 сомонӣ пардохт кунанд.

Се ронандаи мусофиркашони самти вилояти Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” инро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ин тартиб шурӯъ аз 1-уми январи соли 2023 ҷорӣ гардид.

Ба таъкиди онҳо, то ин вақт, яъне тақрибан ду моҳ онҳо аз терминал ройгон истифода мекарданд.

Масъуд ном як ронандаи таксӣ, ки ба самти Панҷакент мусофир мекашонад, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, барои истифодаи терминал ба ғайр аз 20 сомонӣ, боз роҳхат барои 1 ҳафта бо пардохти 20 сомонӣ ва иҷозатномаи кашонидани мусофир, ки бо пардохти беш аз 100 сомонӣ аз ҷониби ниҳодҳои масъул дода мешавад, талаб мегардад.

“Таксиҳое, ки аз дохили шаҳр мусофир мегиранд, ба терминал маблағ пардохт намекунанд. Вале онҳое, ки ба терминал медароянд, бояд 20 сомонӣ пардохт кунанд. Навобаста ба он ки ҳамон рӯз мусофир гирифта ба роҳ мебароянд ё не”, - гуфт Масъуд.

Номбурда афзуд, ки онҳо қаблан дар терминали “Маром”, ки таксиҳои самти вилояти Суғд пештар аз онҷо мусофир мегирифтанд, низ ин миқдор маблағ пардохт мекарданд.

Ӯ мегӯяд, бо иловаи ҳуҷҷатҳое, ки онҳо барои мусофирбарӣ мегиранд, талаби 20 сомонӣ барои истифодаи терминал каме гарон аст ва хуб мешуд онро арзонтар ё пурра аз байн мебурданд.

“Бештари таксиҳо аз дохили шаҳр мусофир гирифта мераванд. Мусофирон камтар ба терминал меоянд ва аз ин рӯ, мусофир ҳам инҷо камтар аст. Аз ин рӯ, ё барои ҳамаи мусофиркашонҳо чунин талаботро ҷорӣ кунанд ё умуман онро бардоранд”, - гуфт Масъуд.

Гуфта мешавад, ки маблағи ҷамъовардашуда барои таъмиру тармим ва дигар хароҷоти терминал сарф карда мешавад.

Акс аз Asia-Plus

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, сар аз 21-уми октябр, тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф мекунанд ва ҳамин тавр, аз ин терминал мусофир гирифта, ба самти вилояти Суғд бармегарданд. Терминали мазкур дар даромадгоҳи шимолии пойтахт бунёд гардидааст.

Қаблан мошинҳои мусофирбари самти вилояти Суғд бо мусофирони худ вориди шаҳр гардида, дар аксар ҳолат мусофирони хешро то ба манзил мерасониданд. Ҳангоми бозгашт, онҳо аз терминали “Маром”, воқеъ дар наздикии корхонаи “Сементи тоҷик” мусофир мегирифтанд.

Сабаби иқдоми мазкур кам кардани тамбашавии мошинҳо дар даромадгоҳи Душанбе намида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.